Видеои қабули бастаи нави ваксина алайҳи коронавирус дар фурудгоҳи Душанбе

Тоҷикистон боз як бастаи бузурги ваксина алайҳи бемории коронавирусро қабул кард
Sputnik
Тоҷикистон боз дар доираи механизми COVAX бастаи нави ваксина алайҳи вируси COVID - 19 қабул кард. Ин навбат Ҷумҳурии Ҳиндустон ба Тоҷикистон 698 500 воя ваксинаи "AstraZeneca" ирсол намуд.
Ин миқдор ваксина шаби 30 ба 1 декабри соли ҷорӣ ба Тоҷикистон расонида шуд.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, то ҳозир дар ҷумҳурӣ ба миқдори 6 миллиону 137 ҳазор вояи панҷ навъи ваксина ворид карда шудааст.
Қобили зикр аст, ки беш аз нисфи сокинони Тоҷикистон аллакай зидди коронавирус моякӯбӣ шудаанд.
Ба Тоҷикистон боз як бастаи бузурги ваксинаи зидди COVID-19 ворид шуд
Вазорат мегӯяд, зиёда аз 2,9 миллион нафар шаҳрванди кишвар (50,4 фоиз) бар зидди COVID-19, тибқи нақша, моякӯбӣ шуда, зиёда аз 2,5 миллион нафар (43,3 фоиз) вояи дуюми ваксинаро гирифтааст.
Қаблан Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои изтирорӣ ва ёрии таъҷилии тиббии Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфта буд, ки эҳтимоли паҳншавии як навъи нави коронавируси "омикрон" дар ҷумҳурӣ вуҷуд дорад.
Ӯ аз сокинон даъват кард, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя кунанд.