ДУШАНБЕ, 1 дек - Sputnik. Маскав миёни шаҳрҳои аврупоӣ дар радабандии истодагарӣ ва мубориза алайҳи бемории коронавирус яке аз ҷойҳои аввалро гирифт. Пойтахти Русия ҳатто аз шаҳрҳои Лондон ва Барселона ҳам пеш гузашт.
Ин радабандиро Оҷонсии байналмилалии тадқиқотии "StartupBlink" омода намудааст.
Ба гузориши ин оҷонсӣ, Маскав пас аз Сан-Франсиско ва Ню-Йорк дар байни бузургтарин шаҳрҳои ҷаҳон дар ҷои сеюм қарор гирифт.
Гуфта мешавад, ба Маскав 160 усули пешрафта, ки дар мубориза алайҳи коронавирус ба роҳ монда шуд, даст дод, ки чунин мақоми баландро аз худ кунад.
Дар байни онҳо алгоритмҳои биниши компютерӣ дар асоси зеҳни сунъӣ мавҷуданд, ки ба мутахассисон дар гузаронидани зиёда аз се миллион тадқиқот кӯмак мекунанд.
Навоварии дигар платформаи абрӣ буд, ки беморон, табибон, ташкилотҳои тиббӣ, ширкатҳои суғурта, соҳаҳои дорусозӣ ва вебсайтҳоро муттаҳид мекард.
Коршиносон аз ҷониби Маскав эҷод кардани технологияҳоеро қайд карданд, ки ба мутобиқсозии ҳаёт дар давраи пандемияи коронавирус марбутанд.
Шаҳр дар соҳаи сайёҳии оқил, тиҷорати электронӣ ва ҳамлу нақ, мухобирот ва таълими онлайнӣ навоварӣ кардааст. Барои манъ паҳншавии COVID-19 Маскав аз чораҳои шадид даст кашидааст.
Ба ҷои ин пойтахти Русия шумораи нуқтаҳои ройгони санҷиши фаврӣ ва ваксиназанӣ, барномаҳои онлайнӣ, платформаҳои омӯзишӣ ва барномаҳои телевизионӣ, ки тавсияҳои пешгирӣ аз коронавирусро талқин мекарданд, афзоиш дод.
Илова бар ин Маскав шумораи беморхонаҳои ковидиро афзуд ва дастгирии бахши тиҷоратро низ фаромӯш накард.