ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Ҳавопаймоҳои низомии нақлиётии Русия барои берун бурдани мардум вориди Афғонистон шуданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати дифоъ.
"Се ҳавопаймои Ил-76 ба фурудгоҳи Кобул кумаки башардӯстона мерасонад ва ҳамчунин шаҳрвандони Русияву хоҳишмандони тарк кардани ин кишварро берун меорад. Дар маҷмуъ 36 тонна кумаки башардӯстона интиқол дода шуд", - омадааст дар хабар.
Манбаъ меафзояд, ин навбат ҳавопаймои Русия 380 нафарро аз Афғонистон берун меорад, ки инҳо шаҳрвандони Қирғизистон, донишҷӯёни афғонистонӣ ва ҳамзамон худи шаҳрвандони Русия мебошанд. Дуи қаблӣ дар моҳҳои август ва ноябр ба Кобул парвоз карда буданд.
Дар охири тобистон, пас аз хуруҷи нерӯҳои Амрико толибон дар ҷумҳурӣ ҳокимиятро ба даст гирифта, анҷоми ҷанги бистсоларо эълон карданд. Рӯзҳои аввал дар Кобул ваҳму воҳима ҳукмфармо буд, мардум ба хотири тарки кишвар ба фурудгоҳ ҳамла карданд.
Он замон ба шабакаҳои иҷтимоӣ аз даҳшати дар фурудгоҳи кобул рухдода навору аксҳо роҳ ёфтанд. Мардум барои наҷот додани ҷони худ ба ҳавопаймои дар ҳоли ҳаракат мечаспиданд ва ба замин сарозер мешуданд.
Вазъият дар ин кишвар ҳамоно мушкил боқӣ мемонад. Дари макотиб дар аксари навоҳӣ баста буда, занону духтарон ҳаққи таҳсил ва кор карданро надоранд. Ҳамзамон нархи наво дар бозору дӯконҳо ба маротиб гарон шудааст.
Толибон борҳо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват намуданд, дороиҳои ин кишварро, ки дар давлатҳои хориҷ баста шудааст, раҳо кунанд. Чанде пеш кишвардори Русия Владимир Путин низ даъват намуд, сарвати Афғонистон, ки дар хориҷ банд мондааст, бояд раҳо гардад ва мушкили мардуми ин сарзамин то ҳадде сабук шавад.