Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Баҳси марзӣ: қирғизҳо ба сохтмони девори тоҷикон монеъ шуданду роҳсозиашон қатъ гардид

Сокинони наздимарзии деҳаи Мақсади ноҳияи Лайлаки Қирғизистон монеи деворсозии як сокини деҳаи Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон шуданд, ки чунин амалкард сабаби қатъи кори роҳсозии худи онҳо низ гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 дек – Sputnik. Ин баҳси марзӣ дирӯз, 30 ноябр, вақте сар зад, ки чанде аз сокинони деҳаи наздимарзии Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хостанд, атрофи хонаҳои худро бо девор маҳкам кунад.
Яке аз чунин сокинон Муродҷон Ҷӯрабойзода гуфта мешавад, ки хостааст, корҳои сохтмониро дар хонааш ба иҷро расонад, аммо қирғизҳо монеи ин кори ӯ шудаанд.
Замоне ки вай ба деворгирии марзи ҳавлиаш шуруъ намудааст, сарҳадбонони қирғиз ба наздаш рафта, ӯро нагузоштаанд, ки ба сохтмонаш идома диҳад.
Тоҷикистон шаҳрванди боздоштшудаи Қирғизистонро раҳо накардааст: музокирот идома дорад
Чунин рафтори сарҳадбонони қирғиз ба таҷаммуи шумори зиёди сокинон аз ду тараф ва мунозираи марзӣ мунҷар шудааст.
Аҳмадҷон Шукурзода, раиси ҷамоати Овчиқалъача дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, сокиноне, ки ба сохтмони девори хонаҳояшон машғул шудаанд, беш аз бист сол ба ин тараф дар деҳаи Қалъача зиндагӣ мекунанд ва он таърихан ҳудуди ноҳия Бобоҷон Ғафуров аст, аммо сарҳадбонони қирғиз он ҳудудро минтақаи баҳсӣ пиндошта, монеи кори сокинон шудаанд.

“Бо он ки сарҳадбонони Қирғизистон ба сохтмони девори сокинони ҷамоат монеъ шуданд, мо ҳам талаб намудем, агар чунин аст, пас то ҳал шудани баҳси марзӣ сохтмони роҳи қирғизҳо, ки аз кӯчаи ҳудуди ҷамоати мо мегузарад, қатъ шавад. Мо мувофиқ ба амалкарди онҳо амал намудем”, – афзуд Шукурзода.

Раиси ҷамоати Овчиқалъача гуфт, ҳоло вазъи марз бо Қирғизистон ором буда, сокинони наздимарзии деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров паси кору рӯзгори худанд.
Овчиқалъача яке аз ду ҷамоати калонтарини наздимарзии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон гуфта мешавад, ки бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҳудуди 20 километр марзи муштарак дорад.
Мувофиқаи Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли мушкилоти марзӣ
Муайян набудани хатти марз то ин вақт борҳо сабаби муноқишаҳои марзӣ сари тақсими обу замин шудааст.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 520 километри он аломатгузорӣ шудааст. Номуайянӣ дар марз то ин вақт борҳо сабаби муноқиша шудааст.