ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Аломати асосии сироятёбӣ бо штамми коронавируси "омикрон" ин хастагии аз ҳад зиёд арзёбӣ мешавад. Дар ин бора Анча Баранова, профессори Мактаби биологияи системаҳои Донишгоҳи амрикоии Ҷорҷ Мейсон, сармутахассиси озмоишгоҳи геномикаи функсионалии Маркази тадқиқоти тиббию генетикии Академияи илмҳои Русия хабар дод.
Ба гуфтаи вай, дар маризони "омикрон" нишонаҳое чун сулфа, резиши оби бинӣ, гум шудани ҳиссиёти бӯй ва мазза кам мушоҳида мешавад.
Ба ивази ин аломатҳо беморонро бемадории аз ҳад зиёд азият медиҳад, мегӯяд мутахассис.
Баранова таъкид кард, ки штамми нав метавонад масунияти мавҷудро нодида гирад.
Ин мутахассис зикр намуд, ки ваксиназанӣ ва риояи гигиенаи шахсӣ аз беҳтарин роҳҳои пешгирикунанда аз доман задани коронавирус ба ҳисоб меравад.
Қаблан табибон аз Африқои Ҷанубӣ маълумот дар бораи аломатҳои "омикрон"-ро нашр намуда буданд. Ба гуфтаи онҳо, дар аввал аломатҳои асосии сироят ин номуътадилии кори дил, дарди сар ва тамоми аъзои бадан ва ҳамчунин хастагии аз ҳад зиёд мебошад. Сипас аломатҳои дигар ба мисли сулфа, табларза ва арақкунии шабона илова мешавад.
Ёдовар мешавем, ки навъи нави "омикрон" нахуст дар Африқо сар зад. Ҳоло маълум нест, ки ин навъ коронавирус аз штаммҳои қаблӣ чӣ фарқ дорад ва ваксинаҳои қаблан таҳияшудаи COVID-19 бар зидди он то чӣ андоза муассир мебошанд.