Тундбоди маргбор дар Истанбул манораи "Соат"-ро чаппа кард: навори даҳшатовар

Тӯфони шадид Истанбул ва баъзе аз вилоятҳои шимолу ғарби Туркияро фаро гирифт. Суръати он дар бархе аз манотиқ то 130 километр дар як соат мерасид
Sputnik
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои даҳшатноки ин офати табиӣ паҳн шудаанд. Яке аз онҳо нишон медиҳад, ки чӣ гуна манораи "Соат" чаппа мешавад. Ин дар минтақаи Чаталҷаи Истанбул рух дод.
Наворҳои дигар нишон медиҳанд, ки чӣ гуна шамоли сахт бомҳоро канда, дарахтонро меафтонад. Дар навори дигар вазиши шамол як мошини боркашро чаппа мекунад.
Офати дигар дар Туркия: бедодгарии обхезии шадид - видео
Тибқи маълумоти ахир, шаш нафар қурбони ин офати табиӣ шудааст. Шумораи кушташудаҳо дар Истанбул чаҳор ва аз захмиҳо 38 нафар гуфта мешавад.
Дар музофоти Кочаэли як кас кушта ва 8 каси дигар захм бардоштааст. Дар вилояти Зонгулдак низ як нафар кушта шудааст.
Сӯхтори мудҳиш дар Туркия: аксҳо аз ҷои ҳодиса
Гуфта мешавад, ҳаракати киштиҳо дар Босфор баста шуда, ҳавопаймоҳо барои фуруд ба Анкара ва Измир мераванд.