ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо муовини раиси Ҳукумати Русия Алексей Оверчук мулоқот кард, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".
Дар ин дидор ҷонибҳо вазъи ҷойдоштаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Русия ва дурнамои онро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додаанд.
Расулзода таъкид кардааст, ки Русия яке аз шарикони асосии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
"Дар доираи сиёсати дурбинонаи президенти Тоҷикистон ва кишвардори Русия Владимир Путин ҳамасола бо татбиқи барномаву стратегияҳои дуҷониба ҳамкорӣ дар бахшҳои муҳим рушд меёбад", - гуфт ӯ.
Манбаъ афзуда, ки дар вохӯрӣ вусъати ҳамкорӣ дар соҳаҳои калидӣ, аз ҷумла комплекси энергетикӣ, саноат, нақлиёт, маориф ва илм, иқтисодиёти рақамӣ ба нафъи давлатҳо баҳогузорӣ шудааст.
Ҳамчунин ҳамкорӣ дар бахши бонкдорӣ, гумрук, кишоварзӣ, савдои хориҷӣ, ҷалби сармояи Русия ба иқтисодиёти Тоҷикистон аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки як ҳайати Русия бо як сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад. Онро Алексей Оверчук, муовини сарвазири Федератсияи Русия раҳбарӣ мекунад.
Дар ҷараёни сафар намояндагони Русия бо рафти сохтмони мактабҳо шинос шуда, як қатор гуфтушунидҳо низ баргузор хоҳанд кард.
Интизор меравад, ҳамаи панҷ мактабе, ки Русия сохта истодааст, то 1 сентябри соли 2022 ба истифода дода шаванд.
Макотиб дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Турсунзода, Хуҷанд сохта мешаванд. Макотиби навсохт имкони фарогирии 1200 хонандаро дар як вақт доранд.