ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ба бархе аз шаҳрвандони Қирғизистон, ки ӯро таҳқир мекунанд, посух дод, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.
Ҷабборов тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба "баъзе аз ҳамватанони маъруф" муроҷиат кардааст.
Ин матлаби ӯ дар посух ба шаҳрвандоне нашр шудааст, ки мегӯянд, мақомот натоиҷи интихоботи парлумонӣ тақаллуб кардаанд.
“Ба бархе аз ҳамватанони саршиноси мо, ки мегӯянд, ба Худо бовар доранд ва ба арзишҳои маънавӣ пайравӣ мекунанд, аммо дар баробари ин маро ва падари марҳумамро бо суханони қабеҳ таҳқир мекунанд, гуфтаниам: ман ҳам ба Худо бовар дорам. Бале, падарам тамоми умр бо роҳи ҳақ рафтааст. Ба ман адолатпарварӣ, роҳи рост, намозхонӣ омӯхт ва аз синфи 8-ум хондани Қуръонро ёд дод. Аллоҳ раҳмату мағфираташ кунад. Ӯро ором гузоред", — навиштааст Ҷабборов.
Ӯ қайд кард, ки мақомот на ба раванди интихобот дахолат карданду на ба кори Комиссияи марказии интихобот.
Ба гуфтаи Ҷабборов, мутахассиси комиссия ба иштибоҳи кӯчаке роҳ додааст, ки боиси нобоварии ҷонибҳо, бахусус зиёнкорон шудааст.
Падари президент Нуркоҷо Мусталӣ уулу моҳи сентябри соли 2017 даргузашт.
Ин дар ҳолест, ки намояндагону ҷонибдорони ҳизбҳое, ки тибқи маълумоти пешакӣ ба Жогорку Кенеш роҳ наёфтанд, талаб доранд, ки натиҷаи интихобот лағв шавад ва интихоботи нав баргузор гардад.
Чаҳор ҳизб: “Ата Мекен”, сотсиал-демократҳо, “Улуттар Биримдиги” ва “озодтик” дар интихобот ноком шуданд ва соҳиби курсӣ дар Жогорку Кенеш нагардиданд.
Ёдовар мешавем, ки интихоботи парлумонии тирамоҳи соли 2020 ба далели нақзи қонунгузории интихобот беэътибор дониста шуд. Ҷамъбасти натиҷаҳои он бо эътирозҳои оммавӣ, тағйир ёфтани президент ва ҳукумат дар ин ҷумҳурӣ анҷом ёфт.