Ҳайати мақомдорону соҳибкорони Могилёв ба Суғд меоянд

Ҳайате аз вилояти Могилёви ҷумҳурии Беларус барои густариши ҳамкорӣ ба вилояти Суғди Тоҷикистон меоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Сафари ҳайат аз Могилёв ба вилояти Суғд дар рӯзҳои 2-4 декабри соли равон сурат мегирад.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раиси вилояти Суғд, ҳайати беларусиро муовини раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Могилёв Руслан Страхар роҳбарӣ мекунад.
Интизор меравад, ки меҳмонон бо раиси Суғд Раҷаббой Аҳмадзода мулоқот намоянду бо вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва имконоту зарфиятҳои он шинос шаванд. Инчунин вохӯрии дуҷонибаи доираҳои соҳибкории вилоятҳо ба нақша гирифта шудааст.
Раҳмон хостори лағви маҳдудиятҳои нақлиётию тиҷоратӣ шуд
Ҳайат аз вилояти Могилёв инчунин бо фаъолияти корхонаҳои саноатии шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Истаравшан, ноҳияҳои Ҷаббор Расулову Бобоҷон Ғафуров ва минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" шинос мегарданд. Ҳадафи ин боздидҳо густариши робитаҳо гуфта мешавад.
Дафтари матбуотии раиси вилояти Суғд зикр намуд, ки сафари ҳайати беларусӣ ҷавобӣ мебошад.
Аввали моҳи ноябр ҳайати вилояти Суғд таҳти роҳбарии Аҳмадзода ба Беларус, аз ҷумла вилояти Могилёв сафар карда буд.
Таъкид шудааст, ки ҷонибҳо хостори ба сатҳи нав баровардани робитаҳои гуногунҷанбаи ду вилоят шуда, омодагии худро барои ҷалби сармояи муштарак ва ташкили корхонаҳои нав баён доштаанд.