Эълони баргузории даври ниҳоии озмуни китобхонҳо дар Тоҷикистон

Вазорати маорифи Тоҷикистон эълон кард, ки даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ миёни китобхонҳо - "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" аз 2 то 15-уми декабр баргузор мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Ба даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ миёни китобхонҳои Тоҷикистон 510 нафар роҳ ёфтаанд, хабар дод Вазорати маориф.
Ба иттилои манбаъ, аз дуюм то панҷуми декабр хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ мавриди озмун қарор хоҳанд гирифт, иттилоъ дод Вазорати маориф.
Манбаъ афзуд, тибқи ҷадвал, рӯзҳои 6-7-уми декабр донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, 7-уми декабр аспирантону докторантон, ходимони илмӣ ва адабии муассисаҳои илмию эҷодӣ дар озмун иштирок мекунанд.
Рӯзҳои 8-10-уми декабр барои сабқати омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун бахшида мешаванд. Ҳамзамон озмун барои довталабони бахшҳои назму наср дар рӯзҳои 11-12-уми декабр ва барои довталабони шоҳҷоиза рӯзи 13-уми декабр баргузор мегардад, афзуд дафтари матбуотии Вазорати маориф.
Бо Рӯдакӣ авлодӣ дорӣ? сӯҳбати ҷолиби Президент бо Раъно Насриддинова
Маврид ба зикр аст, ки озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" соли сеюм аст, баргузор мешавад, ки сарпарасти он президенти Тоҷикистон мебошад.
Ба иттилои Вазорати маориф, дар даври якуми озмун, ки дар сатҳи маҳалҳо, ҷамоатҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар ташкилотҳо баргузор гардид, беш аз 305 ҳазор нафар иштирок кардааст. Дар даври дуюм, ки дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо баргузор шуд, зиёда аз 23 ҳазор нафар ширкат намуда ва дар даври сеюм дар сатҳи вилоятҳо аз 2 ҳазору 981 нафар 510 нафар ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтааст.
Ин дар ҳолест, ки соли гузашта дар озмуни мазкур Раъно Насриддинова соҳиби шоҳҷоиза гардид. Ғолибони ин озмун дар баробари мукофотпулӣ бидуни озмун донишҷӯи донишгоҳҳои кишвар мешаванд.