Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Кӯдакон алайҳи COVID-19 ваксина шаванд ё на: Посухи Комаровский

Пизишки кӯдакон ва муҷрии барномаҳои телевизионӣ Евгений Комаровский мегӯяд, ҳоло бояд кӯдаконро аз ин дард муҳофизат кунем ва интизор шавем, ки кай олимон расман ваксиназании кӯдаконро эълон мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Моякӯбии кӯдакон алайҳи бемории коронавирус дар имкони хотима додан ба пандемия саҳми назаррас хоҳад дошт, афзуд пизишк ва муҷрии барномаҳои телевизионӣ Евгений Комаровский дар суҳбат бо радиои Sputnik.

"Сарфи назар аз ҷараёни сабуки беморӣ дар аксари кӯдакон ваксина кардани онҳо бар зидди коронавирус зарур аст", - мегӯяд ӯ.

Ин пизишк кӯдаконро манбаи паҳнкунандаи вирус номид, вале зикр кард, аз сабаби он ки таҷрибаи кофии истифодаи ваксинаҳо алайҳи коронавирус дар кӯдакон вуҷуд надорад, аз ин рӯ ҳоло иҷозати расмӣ ҳам мавҷуд нест.
Сечин муътақид аст, ки коронавирус паси сар хоҳад шуд
Ба гуфтаи ӯ, кӯдакон барои бобою бибиҳо як манбаи сироят ҳастанд, аз ин рӯ ҳоло онҳоро бояд ҳифз кард ва мунтазир шуд, ки олимон расман ба истифодаи ваксина дар кӯдакон чӣ мегӯянд.
Дар Русия 24-уми ноябри соли 2021 истифодаи ваксинаи зидди COVID-19 барои наврасони 12-17-сола иҷозат дода шуд. Ин ваксина "Спутник М" номида шуд ва ҳарфи "М" ба маънои хурдсол истифода шудааст. Гуфта мешавад, наврасон дар Русия ба таври ихтиёрӣ ва бо ризоияти волидон ё намояндагони қонунии онҳо моякӯбӣ мешаванд.