ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Интихоботи раиси Маҷмаи парлумонии СААД дар ҷаласаи пленарӣ баргузор шудааст.
Иштирокдорон бо як овоз ба ҷонибдории Вячеслав Володин раъй дода, ӯ мақоми роҳбарияшро дар Ассамблеяи парлумонии СААД ҳифз намуд, хабар додааст дафтари матбуотии Думаи давлатии Русия.
Ба иттилои манбаъ, номзадии Володинро раиси Маҷлиси миллии Арманистон, Ален Симонян пешниҳод кардааст.
"Ҳамкорони гиромӣ, мехоҳам барои дастгириятон изҳори сипос кунам. Ин маро водор месозад, ки масъулияти бештарро эҳсос кунам", - изҳор доштааст раиси Ассамблеяи парлумонии СААД баъди интихоби дигарборааш ба ин мақом.
Маврид ба зикр аст, ки Вячеслав Володин бори аввал ба ин вазифа соли 2016 интихоб гардида, соли 2019 дар раъйдиҳии такрорӣ мақомашро ҳифз намуд. Интизор меравад, ки барои сесолаи оянда низ Володин дар мақоми роҳбари Маҷмаи парлумонии СААД хоҳад монд.
Ассамблеяи парлумонӣ дар доираи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ фаъолият намуда, роҳбарони парлумонҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистонро шомил мешавад.