Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Ҳушдори СҶБ: штамми "омикрон" нафарони қаблан гирифтори COVID-19-ро сироят мекунад

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар робита ба навъи нави коронавирус изҳорот нашр намудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, маълумоти пешакӣ нишон медиҳад, ки одамони қаблан гирифторшуда ба COVID-19 метавонанд ба штамми нави он - "омикрон" низ сироят ёбанд.
Ин созмон қайд кард, ки маълумоти муфассал "дар рӯзҳо ва ҳафтаҳои наздик" дастрас хоҳад шуд.

"Ҳанӯз маълум нест, ки ин навъ аз инсон ба инсон нисбат ба дигар штаммҳо, аз ҷумла навъи "делта" осонтар мегузарад ё не. Феълан омӯзиши пурраи навъи мазкур идома дорад", - гуфта мешавад дар изҳороти СҶБ.

Манбаъ зикр намуд, ҳоло маълум нест, ки штамми "омикрон" вазъи беморонро шадид мекунад ё на.
Дар Африқои Ҷанубӣ, тибқи гузоришҳои расонаҳои маҳаллӣ, тақрибан сад нафар фарди мубтало ба он сабт шудааст. Дар Ҳонконг, Исроил, Австралия ва як қатор кишварҳои аврупоӣ чанд ҳодиса ба қайд гирифта шудааст. Ду ҳолати аввали сироятёбӣ бо штамми "омикрон" дар Канада низ тасдиқ карда шуд.
Штамми "омикрон" ба Русия низ роҳ ёфт
Мақомоти Исроил ва Иттиҳодияи Аврупо эълон карданд, ки сарҳадҳо ба далели шиддати ин навъ коронавирус барои 14 рӯз баста мешаванд. Аз рӯзи душанбе Иёлоти Муттаҳида парвозҳо ба ҳашт кишвари ҷануби Африқоро маҳдуд кард.
Рӯзи гузашта сенатори рус Владимир Кругли изҳор дошт, ки ба эҳтимоли зиёд ин навъ коронавирус ба Русия низ ворид шудааст. Ӯ пешгӯӣ кард, ки манбаи паҳншавии ин дард худи шаҳрвандони Русия мебошанд, ки ба Миср сафар намуда буданд.