ДУШАНБЕ, 29 ноя – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, вазъи башарӣ дар Афғонистон бо фарорасии сармо метавонад шиддат ёбаду кишварро гуруснагии оммавӣ фаро гирад.
"Афғонистон дар остонаи фалокати башарӣ қарор дорад. Бо фаро расидани мавсими сармо вазъият метавонад дучанд шиддат гирад ва боиси гуруснагии оммавӣ гардад", - хабар дод дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон аз қавли Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ дар нишасти 15-уми сарони кишварҳои узви СҲИ гуфт, Тоҷикистон ҳамеша аз таҳкими ҳамкориҳои минтақаӣ ҷонибдорӣ мекунад.
"Мо аҳамияти Афғонистонро ҳамчун ҳалқаи ногусастанӣ дар татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои муштарак дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва транзиту нақлиёт дар чаҳорчӯби созмон пурра дарк мекунем", - омадааст дар матни суханронии Раҳмон.
Ӯ гуфт, татбиқи лоиҳаҳои сатҳи минтақаӣ пеш аз ҳама аз муътадил гардидани вазъи низомию сиёсӣ ва таъмини амният дар ин кишвар вобаста аст.
"Аз нигоҳи мо, ҳалли мушкилоти дар Афғонистон бамиёномада зарурати ташаккули ҳарчи зудтари ҳукумати фарогиррро дар ин кишвар бо иштироки ҳамаи гурӯҳҳои қавмӣ ва сиёсӣ тақозо менамояд", - таъкид кард раисҷумҳури Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон дар зимн расонидани кумаки гуманитариро ба мардуми Афғонистон тавассути сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои байналмилалии башарӣ зарур арзёбӣ кард.
Созмони Ҳамкории иқтисодӣ – СҲИ, ки феълан намояндаи Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ дар мақоми дабири кулли он фаъолият дорад, соли 1985 аз ҷониби Эрон, Туркия ва Покистон пас аз бастани Паймони Измир таъсис дода шудааст.
Соли 1992 ҳафт кишвар, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, узви СҲИ шудаанд. 28 ноябр, яъне таърихи аъзошавии давлатҳои зикргардида Рӯзи СҲИ эълон гардид.