Ҳабси ронандаи мусофирбар дар Душанбе барои зер кардани мард дар роҳи пиёдагузар

Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе аз садамаи маргбор бо иштироки мошини мусофирбар хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Ронандаи мусофирбари сабукрав дар роҳи пиёдагузар марди 56-солаеро зер намудааст.
Ба иттилои мақомоти умури дохилии Душанбе садама баъди зуҳри 29-уми ноябр рух дод.
Таъкид шудааст, ки ронандаи автомашинаи тамғаи "Хундай Аксент", сокини 26-солаи шаҳри Ҳисор ҳангоми ҳаракат аз кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ ба самти кӯчаи Ҷаббор Расулови пойтахт пиёдагардро зер кардааст.
Мақомот мегӯянд, ронанда бо сабаби баланд будани суръати ҳаракат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, марди 56-соларо, ки тавассути роҳи пиёдагузар аз қисмати рости роҳ ба тарафи чап мегузашт, зер намудааст.
Поси хотири қурбониёни садама: Эълони сабаби афзоиши марг дар роҳҳои Тоҷикистон
Ба иттилои раёсати умури дохилии Душанбе, пиёдагард дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, алайҳи ронанда парвандаи ҷиноӣ оғоз шудаст. Ӯ феълан дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, таҳқиқи ҳодиса идома дорад.
Дар ҳамин ҳол масъулини роҳу нақлиёти Тоҷикистон дар феҳрасти омилҳои асосии сар задани садамаҳо дар кишвар риоя накардани аломатҳои роҳ, ҳолати техникӣ, ҳолати роҳҳо, бо суръати баланд рондани автомобил, муқобили самти ҳаракат баромадани баъзе аз ронандагон, идораи мошин дар ҳолати сархӯшӣ, бидуни аз худ накардани нозукиҳои касбӣ гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ аз омилҳои аслии ба вуҷуд омадани садамаҳо донистаанд.