"Безарар шуд": Толибҳо ба бадахшии "хатарнок" мақоми баландтар доданд

Мавлавӣ Амонуддин, волии собиқи номниҳоди толибҳо дар Бадахшон фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Вазорати дифои “Иморати исломӣ” гумошта шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 ноя - Sputnik. Мавлавӣ Амонуддин дар гузашта муовини фармондеҳи сипоҳи 209 -и “Ал-фатҳ” дар Мазори Шариф таъйин шуда буд, ки ҳеҷ гоҳ сари ин вазифа нарафт.
Манбаи Sputnik Тоҷикистон аз қавли як манбаъ дар дафтари Мулло Яъқуб, вазири дифои толибҳо гуфт, фармон дар бораи таъйиноти ҷадиди Мавлавӣ Амонуддин Мансур имзо шудааст.
"Дар ин таъйиноти ӯ Қорӣ Фасеҳуддин, сардори Ситоди кул нақши муҳим дорад. Мавлавӣ Амонуддин аз вазифаи қаблии худ розӣ набуд. Иморат маҷбур шуд, ба ӯ вазифаи нав диҳад”, - гуфт манбаъ.
Мавлавӣ Амонуддин, яке аз фармондеҳони матраҳи толибҳо дар Бадахшони Афғонистон аст, ки баъди ба қудрат расидани онҳо волии ин вилоят таъйин гардид, аммо ду моҳ нагузашта барканор шуд.
Ӯро муовини фармондеҳи горнизони Мазори Шариф, ҳоло сипоҳи 209-и "Ал-фатҳ" (собиқ “Шоҳин”) таъйин карданд, аммо ҳеҷ гоҳ сари вазифа ҳозир нашуд, зеро ин вазифаро лоиқи худ намедонист.
Мавлавӣ Амонуддин ба Кобул ва сипас Қандаҳор рафт ва бо калонҳои иморат мавзуъро ба миён гузошт, аммо касе ба ӯ таваҷҷуҳ накард.
Ӯ ба зодгоҳаш – вулусволии Вардуҷ баргашта, байрақи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмади Масъудро боло кард.
Иморот ба мансабдорони фирории Афғонистон: дар ин ҷо корҳои сиёсӣ накунед
"Раҳбарони толибҳо аз ин кори ӯ ба ташвиш афтода, шахсан Мулло Яъқуб, вазири дифоъ ва Қорӣ Фасеҳуддин, сардори Ситоди кулли Вазорати дифоъ, низ вардуҷӣ ба Бадахшон омада, дар Баҳорак ҷаласа карданд. Вай пас аз ин хомӯш шуд", - гуфт манбаи Sputnik Тоҷикистон.
Мавлавӣ Амонуддин дувумин мансабдори тоҷик ва бадахшӣ дар Вазорати дифои толибҳо пас аз Қорӣ Фасеҳуддин аст.
Ба шумули ин ду, Қорӣ Ҳаниф, вазири иқтисод ва Мавлавӣ Шамсуддин, муовини вазири кишоварзии иморати исломӣ низ ҳама бадахшиянд.
Дар ҳамин ҳол Мавлавӣ Наҷиби Роғӣ, сарнавишти як фармондеҳи бадахшии матраҳи толибҳо номаълум боқӣ мемонад. Вай қаблан фармондеҳи ливо (бригада)-и ҳимояти Вазорати дифои иморати исломӣ таъйин шуд, аммо як моҳ нагузашта, барканор гардид.
Толибҳо ӯро дар Кобул нигоҳ медоранд ва намегузоранд, ки ба Бадахшон баргардад. Гуфта мешавад, ташвиши онҳо аз ин аст, ки Мавлавӣ Наҷиб дар ҳоли бозгашт ба Бадахшон байрақи “ДОИШ”*-ро боло хоҳад кард.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар