ДУШАНБЕ, 28 ноя – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти сарони кишварҳои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ гуфт, имкониятҳои тиҷоратӣ дар доираи ин созмон пурра истифода намешаванд.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, тиҷорат дар миёни кишварҳои аъзои СҲИ ҳамагӣ ҳашт фоизи ҳаҷми умумии савдои онҳоро ташкил медиҳад ва ин рақам баёнгари истифодаи нокифояи имкониятҳои тиҷоратист.
Ба иттилои дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои тавсеаи ҳамкории тиҷоратӣ дар чорчӯби созмон пешниҳод кард, ки маҳдудиятҳои карантинии нақлиётиву транзитии бинобар ҳамагирӣ ҷоригардида, бартараф карда шаванд. Ӯ инчунин хостори лағви монеаҳои тиҷоратии тарифӣ ва ғайритарифӣ шудааст.
Ба гуфтаи Раҳмон, истифодаи муштарак ва самараноки ин иқтидорҳо барои таъмини шароити мусоиди тиҷорати байниҳамдигарӣ, ҳаракати озоди одамон ва боркашониҳои нақлиётиву транзитӣ, ҳамчунин таҳкими сулҳу субот ва амният дар минтақа хидмат мекунад.
Дар зимн роҳбари Тоҷикистон инчунин аз пайомадҳои коронавирус зикр намуда, таъсиси абзори ҳамкории минтақавии мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ, алалхусус бо COVID-19-ро мувофиқи мақсад хонд.
Маврид ба зикр аст, ки 28 ноябр дар Ишқобод нишасти роҳбарони кишварҳои узви СҲИ баргузор шуд.
Созмони ҳамкории иқтисодӣ – СҲИ, ки феълан намояндаи Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ дар мақоми дабири кулли он фаъолият дорад, соли 1985 аз ҷониби Эрон, Туркия ва Покистон, пас аз бастани Паймони Измир таъсис дода шудааст.
Соли 1992 ҳафт кишвар, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон узви СҲИ шудаанд. 28-уми ноябр, яъне таърихи аъзошавии давлатҳои зикргардида Рӯзи СҲИ эълон гардид.