Аз радди даъвати Мирзонабот то ҷароҳати Гиёзода ва тирпаронии навбатӣ - видео

Додситони ВМКБ тасдиқ намуд, ки зимни мулоқоти нокоми раиси вилоят бо сокинони норизо тирпаронӣ сурат гирифт ва ба вакили парлумон Азиз Гиёзода ҷароҳат бардошт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 ноя – Sputnik. Вазъият дар ВМКБ ҳамоно ноамн аст. Аз он ки мақомот талаби сокинони ин вилоятро иҷро намекунанд, издиҳом ҳам дар майдони марказии Хоруғ тасмими пароканда шуданро надорад.
Иҷрокунандаи раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ахиран назди мардум баромад ва аз эътирозгарон даъват намуд, ки ба тазоҳуроти худ анҷом диҳанд. Вале чун шарти таҳқиқи куштори Гулбиддин Зиёбеков ба мардум писанд наомад, онҳо даъвати иҷрокунандаи раиси вилоятро напазируфтанд.
Додситони ВМКБ бо нашри як навор дар телевизионии маҳаллӣ хабар дод, ки мардуми норизо сӯйи Мирзонабот санг андохтанд, ки дар натиҷа вакили парлумон Азиз Гиёзода ҷароҳат бардоштааст.
Ин манбаъ зикр намуд, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқ барои ором намудани мардум ба ҳаво тир холӣ намуданд, вале дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз тирпаронӣ сӯйи мардуму захмӣ шудани чанд нафар хабар дода шуд.
Дар сабте, ки аз тариқи телевизиони Бадахшон пахш гардид, гуфта мешуд, дар робита ба ҳодисаи ахир аз ҷониби додситонии ВМКБ бар асоси моддаҳои 328, (қисми 2, истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намоядаи ҳокимият), 330 (таҳқири намояндаи ҳокимият), 237 (авбошӣ) ва 110 (қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ)-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шудааст.
Эълон аз тариқи телевизиони "Бадахшон": Ҷамъшавии сокинон ғайриқонунист - видео
Феълан гурӯҳе аз сокинони ВМКБ дар майдони пеши бинои ҳукумати маҳаллӣ таҳқиқи мунсифонаи марги ҷавонони кушташуда ва муҷозоти гунаҳкоронро талаб доранд. Чунин ҳамоишҳо дар пеши намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, аз ҷумла Аврупою ИМА ва инчунин дафтари СММ низ сурат гирифтаанд.
Ҳамоиши эътирозӣ бо талаби таҳқиқи марги Гулбиддин Зиёбеков ва муҷозоти гунаҳкорон рӯзи 25-уми ноябр оғоз гардид.
Ба иттилои мақомоти додситонӣ, Зиёбеков барои содир кардани ҷинояти гаравгонгирӣ ва барангехтани кинаю адоват дар пайгарди қонунӣ қарор дошта, ҳангоми боздошт муқобилияти мусаллаҳона нишон додаст ва дар натиҷаи оташи ҷавобӣ захмӣ гардидааст.