Иллати марги Александр Градский маълум шуд

Ҳунарманд шаби 28 ноябр бар асари сактаи мағзи сар даргузашт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Иллати муқаддамотии марги ҳунарпешаи мардумии Русия Александр Градский сактаи мағзи сар будааст, менависад "Известия".
Ба навиштаи нашрия, ҳунарманд дар яке аз клиникаҳои пойтахт дар шӯъбаи эҳёгарӣ қарор дошт. Маълум аст, ки Градский соати 02:10 дақиқаи ба вақти Маскав вафот кардааст. Қаблан ӯ бо гумони сактаи мағзӣ бистарӣ шуда буд.
Ҳунарманди мардумии Русия Александр Градский даргузашт
Гуфта мешавад, саломатии Градский пас аз гирифтор шудани коронавирус дар моҳи сентябр бад шуд. Қариб аз по монда буд ва аз дарди шадиди пой шикоят мекард.
Ёдовар мешавем, ки Александр Градский 3 ноябри соли 1949 дар вилояти Челябинск таваллуд шудааст. овозхони ҳамакнун марҳум Ходими шоистаи санъати Русия, барандаи Ҷоизаи давлатии Федератсияи Русия ва аз соли 1999 Ҳунарпешаи мардумии Федератсияи Русия мебошад.