ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Овозхон ва Ҳунарпешаи мардумии Русия Александр Градский дар синни 72-солагӣ даргузашт. Дар ин бора хабаргузории "Известия" хабар додааст.
Тибқи маълумоти пешакӣ, оҳангсоз соати 02:10 ба вақти Маскав даргузашт, вале ин маълумот ҳоло расман тасдиқ нашудааст.
Қаблан Градский бо гумони сактаи мағзӣ бистарӣ шуда буд. Тамоми ин муддат ӯ дар шуъбаи эҳёгарӣ қарор дошт.
Гуфта мешавад, ҳунарманди рус дар хона бемор шуд ва ӯро фавран ба бемористоне дар шаҳри Маскав интиқол доданд.
Пештар мухлисонаш мушоҳида карда буданд, ки ҳунарманд дар барномаи мусиқии "Голос" вазъи нохуб дошт. Дар як моҳ чанд бор мошини ёрии таъҷилӣ ба хонаи ҳунарманд рафтааст, аммо ӯ бистарӣ шуданро рад кард ва дар хона табобат гирифтааст.
Саломатии ӯ дақиқан пас аз бад шуд, ки ҳунарманд гирифтори коронавирус шуд ва то як муддат аз по монда буд.
Ёдовар мешавем, ки Александр Градский 3 ноябри соли 1949 дар вилояти Челябинск таваллуд шудааст. Ӯ Ходими шоистаи санъати Русия, барандаи Ҷоизаи давлатии Федератсияи Русия ва аз соли 1999 Ҳунарпешаи мардумии Федератсияи Русия буд.