ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Аз шартҳои шариат барои гирифтани ҳамсари дувум Шамил Аляутдинов, рӯҳони номи Русия, имомхатиби Масҷиди мемориалии Маскав ёдоварӣ кард.
Ба гуфтаи ин рӯҳонӣ, ки муаллифи даҳҳо китоби диниву психологӣ мебошад, агар таъмини адолат шарти асосии иҷозаи гирифтани ҳамсари дувум бошад, фақеҳон як қатор омилҳоеро номбар кардаанд, ки мард метавонад никоҳи дигар кунад.
“Аз ҷумла безурриётии ҳамсари якум, шароити баъдиҷангӣ, ки шумораи занон назар ба мардон бештар бошад, хусусияти физиологии мард ва ғайраҳо”, -номбар мекунад Аляутдинов.
Вай таъкид мекунад, ки ҷузъи асосии ақди никоҳ таъминоти моддии оила мебошад, ки онро 100 дарсад худи шавҳар бояд кафолат диҳад.
Дар мавриди бисёрзанӣ шавҳар вазифадор аст, ки таъмини ҳар ду оилаашро чӣ аз ҷиҳати манзилу ҷиҳоз ва чӣ аз лиҳози молӣ комилан баробар анҷом диҳад.
Дар ҳамин ҳол Шамил Аляутдинов хиёнат – зинои ҳамсарро аз бузургтарин гуноҳҳо унвон мекунад. Вай мегӯяд, марде ва ё зане ба худ иҷозаи ин гуноҳро медиҳад, ки дар назди худаш ягон арзиш надорад, афзун бар ин охирати худро месӯзонад.
“Ислом ҷазои хиёнатро ҳукми қатл гуфтааст. Аммо тасмим дар бораи ҳукми қатлро танҳо як мақоми расмии давлатӣ метавонад қабул кунад. Агар дар низоми судии давлат ин гуна қонунҳо вуҷуд надошта бошанд, марди хиёнаткор арзиши хасеро надорад. Гуноҳе, ки содир кардааст, ки ба ҷонаш баробар аст ва метавонад онро танҳо дар дӯзах бишӯяд”, - таъкид намуд Аляутдинов.