ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Толибон мехоҳанд нерӯи ҳавоие созанд, ки ба кумаки ИМА, Ҳинд ва Покистон, Эрон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон вобаста набошад, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон бо такя ба суханони иҷрокунандаи вазифаи вазири дифоъ Мулло Муҳаммад Яъқуб.
"Дар ин росто онҳо аз нерӯҳои ҳавоии ҳукумати қаблӣ фарқ хоҳанд кард", - гуфт Мулло Муҳаммад Яъқуб, иҷрокунандаи вазифаи вазири мудофиаи толибон.
Қаблан гуфта мешуд, артиши "нав" аз 150 ҳазор сарбоз иборат хоҳад буд.
Пештар Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи толибон гуфта буд, ки ин гурӯҳ дар талоши ташкили як артиши исломӣ аст ва он ду соли оянда такмил мешавад.
Муҷоҳид таъкид кард, ки Афғонистон барои ҳифзи амният ва истиқлоли худ ба 100 ҳазор сарбоз ва ё бештар аз он ниёз дорад.
Ба гуфтаи вай, ба сафи артиши ҷадид сарбозони собиқ, бахусус онҳое, ки таҷрибаи техникӣ доранд, даъват хоҳанд шуд.
Дар ҳамин ҳол Иноятуллоҳ Хоразмӣ, сухангӯи Вазорати дифои толибон дар суҳбат бо рӯзноманигорон дар бораи он чизе, ки толибон "артиши исломӣ" меноманд, тафсилоти бештар дода буд.
Ба гуфтаи вай, артиши толибон бо "таҷҳизоти низомӣ, силоҳ, ахлоқ ва ғайра, аз ҷумла истиқлол, тааҳҳуд, ростқавлӣ, имон ва сифатҳои дигар" муҷаҳҳаз хоҳад шуд.