Аз иқтисод то сӯзишворию энергетика: Тоҷикистону Туркманистон ҳамкориро рушд медиҳанд

Тоҷикистону Туркманистон масоили энергетика иқтисод ва савдоро баррасӣ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои туркманаш Рашид Муродов баргузор гардид дар Ишқобод дидору мулоқот кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Тибқи гузориши ин ниҳод, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо роҷеъ ба масоили васеи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар тамоми соҳаҳои қобили таваҷҷуҳи тарафайн, табодули афкор кардаанд.
Ҷонибҳо аҳамияти тезонидани татбиқи тавофуқоти зимни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон дар моҳи августи соли 2021 ҳосилшударо, таъкид намудаанд.
"Тамаркузи махсус ба тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои муҳим, аз ҷумла иқтисодиёт, савдо, бахши сӯзишворию энергетикӣ, нақлиёт ва логистика, кишоварзӣ, обию мелиоративӣ, саноати сабук ва коркардашуда ва ғайра зоҳир карда шуд", - омадааст дар хабарнома.
Ҷонибҳо афзун гардидани теъдоди нишондоҳандаҳои табодули молро таъкид намуда, омодагии худро ҷиҳати тавсеа ва густариши савдои муштарак дар дурнамои наздик иброз намудаанд.
ВУХ Туркманистон барои мулоқот бо "Толибон"* ба Афғонистон рафт
Ҳамчунин дар ин мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, бахусус Созмони Миллали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва дигар ташкилотҳои минтақавӣ баррасӣ шудааст.
Дар остонаи баргузории ҷаласаи 25-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва 15-умин Нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Ишқобод, ба сатҳи ҳамкории муштарак дар чорчӯби Созмони мазкур дар тӯли 29 соли фаъолияти он, баҳои баланд дода шудааст.
Дар ин нишаст аз ҷониби Тоҷикистон инчунин вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир ва сафири Тоҷикистон дар Туркманистон Шарифзода Фаррух Ҳомиддин ширкат кардаанд.