ДУШАНБЕ, 27 ноя – Sputnik, Қамар Аҳрор. Модари гирифтори ВНМО феълан ҳамроҳи фарзандонаш зиндагӣ мекунад ва мегӯяд, саломатиаш хуб асту худро хуб ҳис менамояд.
Нисо (ном иваз карда шудааст - аз идора) дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, соли 2000-ум, замоне ки ҳамагӣ 19 сол дошт ба писари аммааш шавҳар кард. Аммо ҳаёти якҷояи онҳо ҳамагӣ се сол давом кард. Соли 2003 шавҳараш аз таъсири нашъамандӣ фавтидаст. То замони оиладорӣ на Нисо ва на волидонаш дар бораи муътод будани шавҳараш хабар надоштаанд.
"Он замон ин беморӣ дуруст ташхис карда намешуд ва қариб ҳеҷ кас ҳам дар бораи маризӣ маълумоти дуруст надошт. Маълум шуд, ки шавҳарам ҳанӯз аз 14-солагиаш мубталои нашъамандӣ шудааст”, - гуфт ӯ.
Нисо афзуд, соли 2004 бори дуюм шавҳар карда, баъд аз ду соли ҳамзистӣ ҳомиладор мешавад. Зимни муоинаи ҳомиладорӣ табибон дар бадани ӯ нишонаҳои бемории ВНМО-ро кашф кардаанд ва ин боиси маломату таъназаниҳо дар ҳаққи ҷавонзан шудаст. Нисо мегӯяд, он замон ҳарчанд шунидани ин сухани табибон барояш изтиробангез буд, вале ба ҷуз таҳаммулпазирӣ дигар чорае надошт.
"Ҳайрон мешудам, барои чӣ маро, ки ҳамроҳи шавҳарам зиндагӣ карда, ҳомиладор шудаам, чунин суханҳои носазо мегӯянд. Танҳо баъди фаҳмидани он ки шавҳари қаблиам аз нашъамандӣ даргузаштааст, таънаи “ту, фоҳиша”-гӯии табибон коҳиш ёфт”, - иброз намуд Нисо.
Ба ин тартиб зан аз беморияш огоҳ гардида, табибон маълум намудаанд, ки манбаи сирояти ӯ шавҳари қаблиаш будааст. Нисо мегӯяд, ҳоло худро солиму хуб ҳис мекунад.
10 соли оиладорӣ: Нисо мегӯяд, шавҳараш солим аст
Ӯ зикр кард, ки бо шавҳари дуюмаш даҳ сол якҷоя зиндагӣ карданд ва самараи ин издивоҷи онҳо тавлиди ду фарзанди солим будааст. Аммо соли 2014, баъди даҳ соли ҳамзистӣ оилаи Нисо аз ҳам пошид.
Ин зан мегӯяд, азбаски нишондоди масунияташ хуб буд, шавҳараш олудаи ВНМО нашудааст.
Ин зан баъд аз он ки оилааш аз ҳам пошид, фаъолияташро бо Маркази пешгирӣ ва мубориза бо вируси норасонии масунияти одам дар Хуҷанд пайваст ва инак, даҳ сол мешавад, ки барои огоҳ кардани мардум аз паёмадҳои фоҷеабори ин маризӣ корҳои машваративу тарғиботӣ мебарад.
Нисо мегӯяд, баъди омадан ба кор дар ин марказ фаҳмидааст, ки шавҳари аввалааш чӣ гуна нашъаманд шуда, ӯро ба бемории ВНМО олуда карда, дар ниҳоят худ фавтидааст.
“Рӯзе санадҳои афроди фавтида аз ВНМО-ро ҷо ба ҷо мекардам, ки дар яке аз онҳо ному насаби шавҳрам пайдо шуд. Маълум шуд, ки ҳанӯз аз 14-солагиаш нашъаманд шуда, ба ВНМО сироят шуда, маро низ олуда кардааст”, -изҳор дошт мусоҳиби Sputnik Тоҷикистон.
Нисо мегӯяд, дарёфти ҳамин картатекаи вафоти шавҳараш собит мекунад, ки ӯ ҳеҷ вақт фоҳиша набуду нест, балки дар зимни зиндагии якҷоя бо писари аммааш ба ВНМО гирифтор шудааст.
Нисо ҳоло ҳамроҳи ду фарзандаш дар хонаи волидонаш ба сар мебарад ва мегӯяд, орзуи деринааш ин аст, ки рӯзе фарзандонашро оиладор намуда, онҳоро бо хушбахтӣ ба ҳаёти мустақил гусел кунад.
Тамоюли камшавии омори СПИД дар Суғд
Табибон дар вилояти Суғд мегӯянд, солҳои охир мавридҳои сироят ба маризии ВНМО коҳиш ёфтааст.
Ҳошим Раҳимов, мудири Маркази пешгирӣ ва мубориза бо вируси норасоии масунияти одам дар вилояти Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон омори сирояти ин маризиро шарҳ дод.
Ӯ гуфт, давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ мавридҳои гирифторӣ ба ВНМО назар ба ин давраи як соли пеш 16 ҳолат ва ё 8% кам шудааст.
“Давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ 198 ҳолати сироятёбӣ ба ВНМО, аз ҷумла 129 мард ва 69 зан сабт шудааст. Давоми даҳ моҳи соли 2020 дар миқёси вилояти Суғд шумори гирифторӣ ба ин беморӣ 214 маврид ба қайд гирифта шудааст”, - афзуд Раҳимов.
Сабти бемории ВНМО дар Тоҷикистон аз соли 1991 шуруъ шудааст. Бино ба омори Маркази пешгирӣ ва мубориза бо бемории ВНМО дар Суғд, то ин замон дар вилоят 3197 ҳолати олудагӣ ба ВНМО сабт шудааст.
“Аз ин шумора 1991 нафар мард асту 1206 кас зан. Ҳоло 2251 нафари онҳо дар қайди ҳаёт ҳастанд. То имрӯз аз ин беморӣ 935 нафар фавтидааст”, - иттилоъ доданд аз Макарзи пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО дар Суғд
Бино ба гуфтаи табибон, аз шумори умумӣ 2195 ҳолат бо роҳи алоқаи ҷинсӣ ва 720 мавриди дигар аз роҳи нашъамандӣ ба бемории ВНМО сироят шудаанд. Дар 124 мавриди дигар олудашавии кӯдакон сабт шудааст, ки дар замони ҳомиладорӣ аз модар сироят ёфтааанд. То кунун сабаби олудашавии 34 нафари дигар аз ҷамъи 3197 ҳолат номаълум боқӣ мондааст.