ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Хоҷагиҳои зотпарварӣ аз шаҳру навоҳии гуногуни Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат чорвояшонро ба намоиш гузоштаанд, хабар дод Вазорати кишоварзӣ.
Дар намоишгоҳ дар баробари муассисаҳои ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ, инчунин хоҷагиҳо аз шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода, Шаҳринав, Рӯдакӣ, Варзоб ва Файзобод ширкат варзиданд.
Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон зимни суханронияш дар намоишгоҳ соҳаи чорводориро яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятнок хонд, ки дар таъмини аҳолии мамлакат бо маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла гӯшту шир ва соҳаи саноат бо ашёи хом мавқеи намоён дорад.
Тибқи иттилои Вазорати кишоварзӣ, то 1 ноябри соли 2021 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 2 миллиону 404 ҳазор сар чорвои калон нигоҳдорӣ мешавад.
"Аз ҷумла 1 миллиону 251 ҳазор модагов, 6 миллион сар гӯсфанду буз ва 84 ҳазор сар асп мавҷуд аст. Дар ин давра 215 ҳазору 227 тонна гӯшт ва 743 ҳазору 407 тонна шир истеҳсол карда шудааст", - омадааст дар иттилояи Вазорати кишоварзӣ.
Манбаъ афзуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта саршумори чорвои калон 35,5 ҳазор, аз ҷумла модагов 26,1 ҳазор, гӯсфанду буз 159 ҳазор, асп 1300 сар, истеҳсоли гӯшт 21,4 ҳазор ва шир 14,7 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Вазорати кишоварзӣ гуфт, дар намоишгоҳи чорвои зотӣ Зиёзода Сулаймон шахсонеро, ки дар рушди соҳа саҳм доранд, бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ кард.