Ҷабборов аз таҳдидҳо ба амнияти миллии Қирғизистон гуфт

Ҷабборов ба Вазорати мудофиа супориш дод, ки лоиҳаи нави докторинаи ҳарбиро ҳарчи зудтар тартиб диҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон маҷмуи таҳдидҳоро ба амнияти миллии Қирғизистон номбар кард, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.
Вай ин изҳороти худро дар ҷараёни баррасии тарҳи Консепсияи амнияти миллии Қирғизистон дар ҷаласаи Шӯрои амният баён дошт.
Ба гуфтаи Ҷабборов, рӯйдодҳои солҳои 2005, 2010 ва 2020 нишон медиҳад, ки бархе аз унсурҳои низоми амнияти миллӣ дар баробари таъсироти харобиовари беруна осебпазиранд.
КДАМ ҶҚ: Вакилон ва мансабдорони собиқ ба тасарруфи қудрат омодагӣ мегирифтанд
"Тамоюлҳои манфии тахриби марзҳои ҳувият афзоиш ёфта, арзишҳо ва қоидаҳои барои мо бегона паҳн мешаванд. Иқтисоди Қирғизистон шаффофтарин иқтисоди минтақа аст. Аммо вобастагии он аз воридот, истихроҷи тило ва интиқоли пулии муҳоҷирони корӣ, тиҷорати транзитӣ ва кумакҳои хориҷӣ зиёд шудааст. Таҳдидҳо ҳар сол, ҳар моҳу ҳар рӯз бештар мешаванд”, - гуфтааст президент.
Кишвардори қирғиз қайд кардааст, ки чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти миллӣ бетағйир нестанд, онҳо дигаргун мешаванд ва рушд меёбанд.
Тоҷикистон қирғизҳои боздоштшударо баргардонд: Қирғизистон низ гуфт, тоҷикҳоро медиҳад
Ҳамчунин Шӯрои Амнияти Қирғизистон консепсияи навро тасдиқ кардааст.
Ба сохторҳои давлатӣ супориш шудааст, ки дар давоми ду моҳ барномаҳои татбиқи онро таҳияву тасдиқ кунанд. Зимнан Вазорати мудофиа муваззаф шудааст, ки ҳарчи зудтар лоиҳаи доктринаи нави ҳарбиро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд.