Эмомалӣ Раҳмон бо як гурӯҳ вазирон озими Ишқобод шуд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар садри як ҳайати расмии кишвар ба Туркманистон рафт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 ноя – Sputnik. Ҳадафи сафари Эмомалӣ Раҳмон иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ мебошад, хабар дод дафтари матбуотии раисҷумҳур.
Кишвардори Тоҷикистонро дар ин сафар ёрдамчии раисҷумҳур дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, саноат ва технологияҳои нав, сардори “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар Ишқобод 15-умин баргузории нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ рӯзи 28-уми ноябр бо иштироки роҳбарони давлатҳои узв дар назар аст.
Аз иқтисод то сӯзишворию энергетика: Тоҷикистону Туркманистон ҳамкориро рушд медиҳанд
Созмони Ҳамкории иқтисодӣ – СҲИ, ки феълан намояндаи Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ дар мақоми дабири кулли он фаъолият дорад, соли 1985 аз ҷониби Эрон, Туркия ва Покистон пас аз бастани Паймони Измир таъсис дода шудааст.
Соли 1992 ҳафт кишвар, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон узви СҲИ шудаанд. Ин рӯз, 28 ноябр, яъне таърихи аъзошавии давлатҳои зикргардида Рӯзи СҲИ эълон гардид.
Ба итилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, кишварҳои узви СҲИ имкониятҳои васеи рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодиро доранд, ки барои амалисозии он ҳамкориҳоро таҳким мебахшанд.