Нимпайкараи олими шинохта Аълохон Афсаҳзод дар зодгоҳаш гузошта шуд

Нимпайкараи олими шинохта ба хотири пос доштани заҳматҳои донишманд гузошта шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Дар назди мактаби №64 деҳаи Рукнободи Ҷамоати деҳоти Ворӯи шаҳри Панҷакент - зодгоҳи донишманд, аз нимпайкараи олими номвар Аълохон Афсаҳзод рӯнамоӣ шуд.
Дар ин бора хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд бо такя ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки ин нимпайкара ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ гузошта шудааст.
"Ба хотири пос доштани заҳматҳои донишманд, адабиётшинос ва ҷомеашиноси маъруфи тоҷик Аълохон Афсаҳзод дар арафаи таҷлили Рӯзи парчами давлатӣ дар Рукнобод нимпайкараи олими номвар мавриди ифтитоҳ қарор дода шуд", - омадааст дар хабарнома.
Ашки раисҷумҳур зимни ифтитоҳи пайкараи "Дуои модар" - видео
Аълохон Афсаҳзод 10 ноябри соли 1935 дар деҳаи Ворӯи шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд таваллуд шуда, аз соли 1961, баъди хатми факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин дар Пажуҳишгоҳи ховаршиносии Академияи улуми ҷумҳурӣ ба фаъолияти илмӣ пардохтааст.
Аз соли 1972 то охири умр мудирии бахши матншиносии пажуҳишгоҳи номбурдаро бар уҳда дошт.
Перомуни ҷанбаву масъалаҳои умдаи адабиёти классикии форсии тоҷикӣ, бунёду меъёри илмии матншиносии кунунӣ, дастовардҳои суханварони шӯравии тоҷик, ҳусну қубҳи осори театру драматургияи миллӣ, раванди равобити адабию фарҳангӣ ва падидаҳои назарраси адабиёти ҳамзамони ҳамзабонон бештар аз 800 асару мақолаи илмию оммавӣ нигоштааст.
Беҳтарин навиштаҳои Аълохон Афсаҳзод дар бораи театру мусиқӣ ва арбобони ҳунари миллӣ дар маҷмӯаи "Зиндагӣ дар саҳна" (1985) гирдоварӣ шуда, дар онҳо масоили ҳассоси ҳунари имрӯзаи тоҷик мавриди баҳсу муҳокима қарор гирифтаанд.
Дар ноҳияи Рӯшон пайкараи Муборакшо Мирзошоев гузошта шуд - аксу видео
Доираи пажуҳиши илмии Аълохон Афсаҳзод пурдомана бошад ҳам, дар таҳқиқи мушкилиҳои таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ ва нашри осори фарҳангу тамаддуни гузашта саҳми бештару пурсамартаре дорад.
Дар рисолаҳои тадқиқотии ӯ "Ҳофизи Шерозӣ" (1971), "Камоли Хуҷандӣ" (1976), "Ифтихори Шарқ" (1978), "Низомии Ганҷавӣ" (1995), "Камоли Хуҷандӣ – устоди ғазал" (1996), "Одам-уш-шуаро Рӯдакӣ" (2003, 2008), кутуби илмию оммавии "Ҳофизнома" (1971) ва ғайра масъалаҳои рушду таҳаввули шеъри гузаштаи форсӣ, барҷастатарин симоҳои адабиёти классикӣ ва хадамоти шоистатарин муҳаққиқини кунунӣ матраҳ шудааст.
Дар маҷмуаҳои "Дар сафи бузургон" (1986) ва "Корвони сухан" (1994) аз чеҳраҳои эҷодии Устод Рӯдакӣ, Умари Хайём, Низомии Ганҷавӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҷалолуддини Румӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ ёд шудааст.
Аълохон Афсаҳзод аз соли 1963 то дами вопасини ҳаёташ ба таҳқиқу баррасии аҳволу омол ва нашру таҳқиқи осори суханвари бузурги форсу тоҷик Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ пардохта буд.