ДУШАНБЕ, 26 ноя – Sputnik. Александр Лукашенко ба марказе рафт, ки муҳоҷирон аз Ховари Миёна дар он ҷо ҷамъ омадаанд, хабар дод РИА "Новости".
Зикр шудааст, ки моҳи ноябр дар марзи Беларусу Лаҳистон муҳоҷирон, асосан курдҳо ҷамъ омаданд, ки теъдодашон аз 2 ҳазор нафар зиёд аст. Муҳоҷирон талош доштанд, марзро дар минтақаи гузаргоҳи Брузги убур кунанд, аммо низомиёни лаҳистонӣ пеши роҳашонро гирифтанд.
Мақомдорони Беларус Маркази нақлиётию ҳамлу нақлеро, ки дар наздикии гузаргоҳ ҷойгир буд, барои ҷойгир кардани муҳоҷирон дар он ҷудо карданд.
Ба гуфтаи сухангӯи раисҷумҳури Беларус, Наталя Эйсмонт, дар қаламрави ин кишвар феълан ҳудуди 7 ҳазор паноҳанда қарор дорад. Бархе аз муҳоҷирон баъди талошҳои номуваффақи роҳёбӣ ба Иттиҳоди Аврупо ба кишварҳояшон баргашта истодаанд. Аммо бархеи дигар, ки дар Маркази ҳамлу нақл қарор доранд, интизори долони гуманитарӣ барои рафтан ба Иттиҳоди Аврупо мебошанд.
Литва, Латвия ва Лаҳистон вақтҳои охир аз афзоиши боздошти муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Ховари Миёна ва Африқо дар наздикии марз бо Беларус хабар дода, таъкид намудаанд, ки Минск амдан буҳрони муҳоҷиратӣ ташкил карда истодааст.
Дар навбати худ Лукашенко изҳор дошт, ки роҳи муҳоҷирон ба Иттиҳоди Аврупоро нахоҳад гирифт, чун ба далели таҳримҳо кишвар барои ин кор на пул дораду на нерӯ.