ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Коҳиши муҳоҷирони корӣ дар бахши манзиливу коммуналӣ дар Маскав метавонад ба муҳоҷирон таъсири манфӣ гузорад ва бисёре аз онҳоро бекор гузорад, гуфт Хуршеда Ҳамрақулова, раиси Маркази фарҳангии тоҷикон дар мусоҳиба бо РИА "Новости".
Қаблан Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав гуфта буд, ки дар муассисаҳои хоҷагии манзилию коммуналии ноҳияҳо коҳиши теъдоди муҳоҷирони корӣ вуҷуд дорад ва афзуд, ки дар корхонаҳои бузурги коммуналӣ амалан муҳоҷирон кор намекунанд.
"Эҳтимол ин ба он нафароне таъсир мегузорад, ки на он қадар хуб кор мекунад. Ман танҳо тахмин мекунам, ки ба худи муҳоҷирон таъсири манфӣ мерасонад, зеро бисёриҳо бекор мемонанд", - гуфт намояндаи диаспораи тоҷикон.
Ба қавли ӯ, вай чандон бовар надорад, ки коҳиши теъдоди муҳоҷирон дар муассисаҳои манзилию коммуналӣ боиси афзоиши маош дар ин бахш шавад.
"Эҳтимол бори онҳое, ки боқӣ хоҳанд монд, маоши каме зиёдтар диҳанд. Ба назари ман, ба эҳтимоли зиёд ҳамин вариант мешавад", - гуфт ӯ.
Чунон ки Ҳамроқулова гуфт, солҳои охир ҳам маскавиҳо ва ҳам дигарон мегуфтанд, ки ба шарофати меҳнати муҳоҷирон саҳни ҳавлиҳо ва даромадгоҳҳои шаҳри Маскв тоза аст ва партобу барф сари вақт пок карда мешавад.
"Яъне дар мавриди ин коргарон доим изҳороти комилан мусбат буд. Ҳоло ин кор (кам кардани шумораи муҳоҷирон - шарҳ аз идора.) чӣ маъно дорад, намедонам", - афзуд вай.
Қаблан Собянин дастур дода буд, ки теъдоди муҳоҷирон дар сохтмонҳо барои як барномаи бозсозӣ дар Маскав коҳиш дода шавад.
Барномаи таҷдиди Маскав дар соли 2017 қабул шудааст.
Барои иҷроӣ кардани барномаи азнавсозии пойтахт, иваз кардани хонаҳои куҳна (асосан хонаҳои панҷошёнаи давраи Хрушев), ба манзилҳои нав кӯчондани зиёда аз як миллион нафар пешбинӣ шудааст.
То имрӯз, тибқи барнома, дар Маскав 161 хонаи истиқоматӣ бо масоҳати умумии 2 миллион метри мураббаъ ба истифода дода шудааст.