ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Дафтари матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки беш аз нисфи сокинони Тоҷикистон аз коронавирус эмин шудаанд.
Дар баробари ин, мувофиқи нақша, беш аз 43%-и аҳоли вояи дуюми зидди коронавирусро гирифтааст.
"Зиёда аз 2,9 миллион нафар шаҳрванди кишвар (50,4 фоиз), тибқи нақша, бар зидди COVID-19 ваксина гирифта, зиёда аз 2,5 миллион нафар (43,3 фоиз) вояи дуюми ваксинаро гирифтанд", - гуфтанд дар вазорат.
Дар баробари ин, чуноне ки дар вазорат таъкид шуд, маъракаи эмгузаронии аҳолии шаҳри Душанбе "100,4 фоиз иҷро шудааст".
Дар Тоҷикистон аз 3 июл ваксинзании шаҳрвандони аз 18-сола боло бар зидди коронавирус ҳатмӣ шуд.
Шаҳрвандони Тоҷикистон бо панҷ навъи ваксина: "CoronaVac", "AstraZeneca", "Moderna", "Pfizer" ва "Sputnik V" аз коронавирус эмин карда мешаванд.
Тибқи маълумоти охирини Вазорати тандурустӣ, аз оғози пандемия то кунун дар кишвар 17 095 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуда, 16 966 нафар шифо ёфта, аммо 124 кас фавтидааст.
Эпидемиологҳо масунияти оммавиро таъсири муқовимат ба паҳншавии сироят меноманд, ки қисми зиёди аҳолӣ ба он иммунитети шахсӣ дошта бошад.
Чунин масуният инчунин ба таври ғайримустақим он аъзои ҷомеаро, ки аз патоген осебпазиранд, муҳофизат мекунад.
Дараҷаи зарурии масуният тавассути гирифтани ваксина ва васоити ҳифозати табиие, ки мардум пас аз сиҳатшавӣ доранд, ба даст оварда мешавад.
Ба гуфти эпидемиологҳо, барои ҳар беморӣ сатҳи масунияти оммавӣ гуногун хоҳад буд.
Масалан, барои пешгирии хуруҷи сурхак ҳадди аққал 95% аҳолӣ бояд аз ангезандаи ин сироят эмин бошанд.
Ба гуфтаи олимон, дар мавриди пешгирӣ аз коронавирус ин шохис бояд 80% бошад.