ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон тағйироти кадрӣ сурат гирифт, хабар медиҳад дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон Абдураҳимзода Парвиз Абдураҳимро сардори Хадамоти давлатии меъморӣ ва сохтмони кумитаи мазкур таъйин кард.
Ҳамзамон бо қарори дигари президент Абдурасулзода Шаҳриёр Абдурасул сардори Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмон интисоб шуд.
Илова бар ин ба курсии сардори Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмонии кумитаи мазкур Ашӯрзода Бахтиёр Саидқул такя зад.
Манбаъ меафзояд, бо қарори дигари Эмомалӣ Раҳмон, Нуруллозода Сафарбек Нурулло, мудири Маркази татбиқи лоиҳаи "Сохтмони роҳи автомобилгарди Шоҳон - Зиғар" таъйин гардид.
Гуфта мешавад, роҳбари давлат бо кадрҳои таъйиннамуда дар Қасри Миллат мулоқот кард ва онҳоро ба донишомӯзӣ талқин карду гуфт, бо истифода аз технологияҳои муосир сатҳи дониши тахассусии худро баланд бардоранд.
Президент аз онҳо талаб намуд, ки содиқона ва поквиҷдонона ба халқу Ватан ва ба нафъи миллат хидмат намоянд.