ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Мақомоти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ талош доранд, ки бо таъсири назарраси Қатар дар доираҳои ҳокими толибон муқобилият кунанд, хабар медиҳад "Reuters" бо истинод ба манобеи худ.
Сарфи назар аз тасмимҳои охири толибон дар бораи интиқоли назорати фурудгоҳи Кобул ба ихтиёри мутахассисони қатарӣ ҳанӯз қарори ниҳоӣ дар ин хусус қабул нашудааст.
Дар ин росто музокироти бо толибон аз Абудабӣ ҷараён дорад.
Ташаббусҳои Туркия дар ин самт аллакай рад карда шуданд, гарчанде Анкара то ҳол аз бозӣ берун нашудааст.
Қаблан Эрдуғон зимни як суҳбати телевизионӣ изҳор дошт, ки вақте толибон назорати кишварро ба даст гирифтанд, тасвири воқеиятҳо дигар шуд.
Ба иттилои сомонаи "Тулуъ", Эрдуғон таъкид намудааст, ки нақшаҳои худро мувофиқ ба воқеиятҳои ҷадид бознигарӣ мекунанду музокиротро бо назардошти вазъи феълӣ идома хоҳанд дод. Туркия бо тамоми ҷонибҳо дар Афғонистон тамосҳоро давом медиҳад, таъкид намуда буд Эрдуғон.
Ғасби Афғонистон аз ҷониби толибон
Дар нимаи моҳи август толибон ба пойтахти Кобул ворид шуда, қасри президентро ишғол карданд. Бо ҳамин ҳокимият ба дасти ин гурӯҳ гузашт.
Шаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ ниҳоят фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
Ҷангҷӯён ҳайати ҳукумати муваққати Афғонистонро эълон карданд. Сарварии онро Муҳаммад Ҳасан Охунд, ки дар давраи аввали ҳукмронии ин гурӯҳ вазири хориҷа буд ва таҳти таҳримоти СММ қарор дорад, ба уҳда гирифт.