Нархи патент дар Маскав 6 ҳазор мешавад

Сар аз соли нав пули моҳонаи муҷаввизи кор ё патент барои муҳоҷирон дар шаҳри Маскав гарон мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Дар Маскав патент барои муҳоҷирони корӣ аз соли оянда қимат мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуоти шаҳрдории Маскав.
Ҳамин тариқ дар соли 2022 дар Маскав шохиси инъикоскунандаи хусусиятҳои минтақавии бозори меҳнат афзоиш хоҳад ёфт. Дар навбати худ ин боиси афзоиши пули ҳармоҳаи патент мегардад.
Ба таъкиди Кирилл Пуртов, сардори раёсати иқтисодии пойтахт, тибқи қонуни қабулшуда, ин шохис аз 2,3878 то 2,4832 афзоиш хоҳад ёфт.
"Арзиши патент дар як моҳ аз 5341 то 5900 рубл афзоиш хоҳад ёфт", - омадааст дар изҳорот.
Нархи қаблӣ дар соли 2020 муқаррар шуда буд ва аз он вақт инҷониб тағйир наёфтааст.
Тартиби нави гирифтани патент дар Русия: видео
Ҳамин тариқ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ маоши расмии муҳоҷирони корӣ дар соҳаҳои анъанавии саноат – сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналӣ нисбат ба соли 2020 9,5 фоиз афзуд. Аз ин рӯ тасмим гирифта шуд, ки арзиши патентро тағйир диҳанд.
Қобили зикр аст, ки патент барои шаҳрвандони Озарбойҷон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Украина ва Молдова, ки ба Русия бидуни раводид ворид мешаванд, роҳандозӣ шудааст.
Танҳо дар 10 моҳи соли 2021 дар Маскав 528 ҳазор патент содир ва аз ин ҳисоб ба буҷаи давлат 16,2 миллиард рубл ворид шудааст.
Манбаъ меафзояд, аз соли 2015 ба ин сӯ ҷамъан се миллион патент ба муҳоҷирон дода шуда ва аз ин ҳисоб Русия 107 миллиард рубл фоида ба даст овардааст.