Аҳмади Масъуд ҷойгузини Даштиро эълон кард: ӯ кист?

Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ раиси Кумитаи равобити стратегӣ, ҳамзамон сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таъйин шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik. Вай дар гузашта сухангӯи Салоҳуддин Раббонӣ ва мушовири Доктор Абдуллоҳ буд.
Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ зимни як тамоси телефонӣ дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, номзадии ӯ дар пайи як иттифоқи назар миёни раҳбарияти Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таъйид шудааст.

"Тасмими ҷамъӣ буд, ки аз сӯйи раҳбари ҷабҳаи муқовимат таъйид ва эълон шуд. Ман ба иҷрои вазифаҳои худ шуруъ кардаам”, - гуфт Аҳмадӣ.

Аз Кундуз то Ҳинд

Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ соли 1983 дар шаҳри Кундуз ба дунё омадааст. Падари ӯ Қорӣ Раҳматуллоҳ, амири Ҷамъияти исломӣ ва намояндаи мардуми вилояти Кундуз дар парлумони Афғонистон буд. Ба далели ҷангҳои дохилӣ ва тағйири макони зист ӯ мактаби миёнаро дар вилоятҳои Кундузу Бадахшон ва дар ниҳоят лисаи Абуусмони Толиқонии шаҳри Толиқони вилояти Тахор хатм кард.
Соли 2005 барои таҳсилоти олӣ ба Ҳиндустон рафта, вориди факултаи улуми сиёсӣ ва таърихи Донишгоҳи Деҳлӣ шуд. Он замон дар Деҳлӣ як маҷаллаи донишҷӯёни форсигӯ ба номи “Андешаи ҷавон” нашр мешуд, ки Аҳмадӣ масъули хабару таҳлили онро бар дӯш дошт. Вай баъдтар санади устодиро низ дар умури мудирияти омма дар Донишгоҳи шаҳри Мирати Ҳиндустон ба даст овард.
“Гуҷурҳо”: Кушта шудани ду фармондеҳи толиб дар зодгоҳи Аҳмади Масъуд
Дар Кобул ӯ аз онҳое, назири Самеъ Маҳдӣ, Доктор Мустафо Маҳмуд ва дигарон буд, ки дар саргаҳи таъсиси телевизиони “Як” меистоданд ва ин ҷо ҳудуди се сол фаъолият дошт, то ба телевизиони “Тулуъ” даъват шуд ва ду соли дигарро низ ин ҷо сипарӣ кард.

Бо Раббонӣ ва Абдуллоҳ

Дар ин миён Аҳмадӣ аз кори рӯзноманигорӣ канор рафт. Як муддат мушовири ҳамкориҳои минтақаӣ ва байналмилалии Дафтари байналмилалии маводи мухаддир ва умури интизомӣ (Bureau of International Narcotics and Law Enforcement Affairs)-и Вазорати хориҷаи Амрико дар Афғонистон буд.
Дар интихоботи соли 2014 вай масъулияти Ситоди интихоботии Абдуллоҳ Абдуллоҳ, номзади раёсатҷумҳурии Афғонистон дар шаҳри Кундузро ба зимма дошт. Пас аз ин дар Маркази мутолаоти стратегии Вазорати хориҷаи Афғонистон масъули бахши Аврупову Амрико буд.
Баъдтар, то замони истеъфои Салоҳуддин Раббонӣ аз симмати вазири корҳои хориҷии Афғонистон аввал дар вазифаи муовин, сипас раиси умумии иттилооти омма ва сухангӯи ин вазорат кор кард.
Дар интихоботи президентии соли 2019 ӯ дигарбора дар тими Абдуллоҳ Абдуллоҳ қарор гирифт ва то замони суқути ҳукумати Ашраф Ғанӣ дар моҳи августи соли равон мушовири равобити хориҷии Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон буд.
Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ дар вазифаи сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ҷойгузини Фаҳими Даштӣ шуд, ки 5 сентябр, замони ҳамлаи “Толибон” ба Панҷшер ба шаҳодат расида буд. Фарзияҳои марги ӯ зиёданд, аммо фарзияи аслиро касе дақиқ баён накардааст, аз ҷумла худи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ низ.
“Хоҳарзодае, ки Масъуд гуфт, на тағо”: Фаҳими Даштӣ кӣ буд? – ба ривояти худаш
Дар ҳамин ҳол Ҷабҳаи муқовимат бо гузашти қариб се моҳ аз марги Даштӣ ҷойнишини ӯро муаррифӣ мекунад. Дар ин миён шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин вазифа интисоби чандин нафар, аз ҷумла Мавлоно Абдуллоҳ Муҳаммадӣ, муовини собиқи Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистонро “муаррифӣ карданд”, ки таъйиди расмии худро наёфт.
Адами сухангӯ агар бар камбуди кадрии Ҷабҳа далолат мекард, ҳамзамон заъфи сиёсатҳои хабарии он барҷаста шуда буд, ки интизор меравад, бо истихдоми Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ ин мушкилот бартараф хоҳад шуд.