ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik. Муовини раиси Шӯрои амнияти Қирғизистон Таалатбек Масодиқов гуфт, сиёсати толибон аз он чӣ, ки қабл аз ҳамлаи Амрико ба Афғонистон буд, фарқ мекунад.
Ӯ ин андешаро дар ҳошияи конфронси Қирғизистону Русия таҳти унвони “Вақеъияти нави Афғонистон: таҳдидҳо ва чолишҳо барои Осиёи Марказӣ ва Русия” иброз дошт.
"Агар Толибони кунуниро бо онҳое, ки қабл аз ҳамлаи нерӯҳои Амрико ва НАТО дар соли 2001 буданд, муқоиса кунем, табиист, ки бисёр чиз тағйир ёфтааст. Ҳоло толибон дар муносибат бо ВАО, таҳсили духтарон, ҳуқуқи занон назари дигар доранд", - гуфт ӯ.
Ба қавли коршинос, пешрафт вуҷуд дорад, аммо он қадар бузург, тавре ки дигар кишварҳо мехоҳанд, нест.
Вай афзуд, ин масъала боз боқӣ мемонаду мардуми Афғонистон ва ҳукумати феълӣ роҳҳои қобили қабули ҳалли онро пайдо хоҳанд кард.
Ғасби Афғонистон аз ҷониби толибон
Дар нимаи моҳи август толибон ба пойтахти Кобул ворид шуда, қасри президентро ишғол карданд. Бо ҳамин ҳокимият ба дасти ин гурӯҳ гузашт.
Шаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ ниҳоят фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
Ҷангҷӯён ҳайати ҳукумати муваққати Афғонистонро эълон карданд. Сарварии онро Муҳаммад Ҳасан Охунд, ки дар давраи аввали ҳукмронии ин гурӯҳ вазири хориҷа буд ва таҳти таҳримоти СММ қарор дорад, ба уҳда дорад.