Русия кӯдакони Афғонистонро аз марг наҷот медиҳад - видео

Дармонгоҳҳои Афғонистон аз кӯдаконе, ки бар асари норасоии ғизо мариз шудаанд, пур шудааст
Sputnik
Фақру ночорӣ, норасоии ғизо садҳо кӯдаки Афғонистонро мариз кардааст. Ҳоло чандин бемористони ин кишвар пур аз кӯдаконест, ки бар асари норасоии ғизо бемору афгоранд.
Кӯдакони бемор ба ҳадде зиёданд, ки дар як кат то ду нафарро хобондаанд. Пизишкон мегӯянд, чунин ҳолат онҳоро бисёр нигарон кардааст, вале чораи дигаре надоранд.
Бояд гуфт, дар Афғонистон миллионҳо кӯдак дастрасии пурра ба ғизо надорад ва як миллиони дигар бо хатари марг рӯ ба рӯянд.
СММ аз хатари марги як миллион кӯдаки афғон ҳушдор доду аз ҷаҳониён кумак хост
Дар ҳамин ҳол Сандуқи кӯдакони СММ изҳор карда, ки беш аз се миллион кӯдак дар Афғонистон хатари камғизоӣ дучор шудааст.
Ҳоло Русия барои наҷоти садҳо кӯдаки мариз даст ба кор шудааст ва саъй дорад, то онҳоро аз чанголи марг наҷот диҳад. Бо супориши раисҷумҳури ин кишвар Владимир Путин чанде пеш ду ҳавопаймо 36 тонна кумаки башардӯстонаро ба Кобул расонд.
Гуфта мешавад, ин кумак асосан аз маводи ғизоиву доруворӣ иборат буд.
Русия мегӯяд, омодааст, минбаъд низ кумакҳоеро ба ин кишвар ирсол кунад, аммо ҳукумати толибон бояд ба ваъдаҳои худ содиқ бимонанд ва ҳарчи зудтар аз пайи иҷрои онҳо шавад.