Коҳиши арзиши рубл ва евро дар бозори арзи Тоҷикистон

Қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон пас аз гарониҳои аввали моҳи ҷорӣ дар ҳолати коҳишёбӣ қарор дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.
Тибқи иттилои БМТ, арзиши як рубли русӣ ҳоло 0.1502 сомонӣ муқаррар шудааст.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта, 23 ноябр дар кишвар бар ивази 1000 рубл 0.1506 ва дар овохири моҳи октябр 161 сомонӣ медоданд.
Арзиши асъори аврупоӣ низ каме поин рафта, дар бозори арзи кишвар ҳоло як евро 12.7096 сомонӣ қимат дорад. Ин асъор тайи чанд моҳи ахир мунтазам устуворияшро аз даст медиҳад.
Тоҷикистон ба маблағи 82 миллион доллар кумаки башардӯстона гирифт
Асъори амрикоӣ дар нишондоди нави БМТ каме боло рафтааст. Як доллар ҳоло дар бозори арзи кишвар 11.2994 сомонӣ арзиш дорад. Ин нишондиҳанда ду рӯз пеш 11.2954 буд.
Иқтисоддон гуфт, ки аз доллар дар соли 2022 чиро интизор бояд шуд
Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.2994 то 11.3000 сомонӣ;
1 евро аз 12.7096 то 12.8200 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1502 то 0.1530 сомонӣ.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.