Ҳаштод доишӣ бо насиҳати пирон таслими толибон шуд

Гуфта мешавад, 80 ҷангии ДОИШ бо насиҳати пирон ба ҳукумати толибон таслим шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik. Ҳадди ақал 80 нафар аз ҷангиёни гурӯҳи "ДОИШ"*, ки фаъолияташ дар Тоҷикистону Русия манъ аст, ба нерӯҳои амниятии ҳукумати толибон дар вилояти шарқии Нангарҳор таслим шуданд. Дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе "Pajhwok" хабар дод.
Манбаъ меафзояд, таслим шудани террористон бо миёнҷигарии пирони қабила имконпазир шудааст. Аммо ин ниҳод ҷузъиёти дигарро ифшо накардааст.
Толибҳо: Иҷоза намедиҳем ДИИШ* ба Эрон осеб бизанад
Тайи се моҳи ахир дар чанд вилояти Афғонистон, аз ҷумла дар шаҳри Кобул чандин таркиш, ҳамла ва тирпарронӣ рух дод, ки бар асари он ҳам толибон ва ҳам сокинони маҳаллӣ кушта шуданд.
Масъулияти аксари ин ҳамлаҳоро ҷангиёни ДОИШ* бар уҳда гирифтанд.
Ёдовар мешавем, толибон 15 август вориди Кобул шуданд ва ин кишварро таҳти назорати худ гирифтанд. Чанде пас ин гурӯҳ эълон кард, ки ҷанг дар Афғонистон поён ёфт. Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешини ин кишвар бо ворид шудани толибон ба шаҳри Кобул аз мақомаш истеъфо дод ва кишварашро фавран тарк кард.
* -гурӯҳи мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия