ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Қарор аст, гузаргоҳҳо дар марзи миёни Ӯзбекистон ва Қирғизистон муваққатан баста шаванд. Дар ин бора дафтари матбуотии Хадамоти давлатии гумруки назди Вазорати иқтисод ва молияи Қирғизистон хабар додааст.
Ин ниҳод меафзояд, гузаргоҳҳои Қизил - Кия - Автодорожний ва Ӯзбекистон - Автодорожний баста мешаванд. Гуфта мешавад, фаъолияти ин ду гузаргоҳ аз 1 то 3 декабр комилан масдуд мешавад.
Ин тасмим ба далели идомаи навсозии роҳ гирифта шудааст.
Дар ҳамин ҳол манбаъ тавзеҳ дод, ки дар рӯзҳои муайяншуда ҳаракати мошинҳо ва ҳамлу нақли бор тавассути гузаргоҳи Достук – Автодорожний сурат мегирад.
Зикр гардид, ки аз 4 декабр гузаргоҳҳо ба кори муқаррарӣ шуруъ мекунанд.