Бино ба гузориши масъули Вазорати тандурустӣ дар шаҳри Ваҳдат, ки аҳолии умумии қобили ваксинаи он 223 ҳазор касро ташкил медиҳад, 68,8 дарсад аз коронавирус эмин шудааст.
То рӯзи 23 ноябр дар Ваҳдат 153 ҳазору 483 нафар ваксина гирифтааст, ки 68,8 дарсади аҳолии аз 18-сола болои ин шаҳрро ташкил медиҳад.
Ҳамин тавр аз ин теъдод вояи якумро 83 ҳазору 615 кас ё 37,5 % ва вояи дуюмро 69 ҳазору 868 нафар ё 31,3 фоиз гирифтаанд.
Гуфта мешавад, ки ваксинзанӣ дар маҳалҳои алоҳидаи шаҳр бо ҷалби гурӯҳҳои вижаи корӣ роҳандозӣ шудааст.
Масъулин мегӯянд, дар ин росто дар шаҳри Ваҳдат ягон камбудӣ мушоҳида намешавад.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, ваксинзанӣ ягона роҳи муассири мубориза бар зидди коронавирус мебошад.
Дар ин росто ин ниҳод аз мардум даъват мекунад, ки ба марказҳои саломатии маҳалли худ муроҷиат намуда, худро аз ин вабои аср эмин кунанд.
Ёдовар мешавем, ки ваксинзанӣ дар Тоҷикистон аз моҳи март оғоз шуд ва он барои аҳолии аз 18-сола боло ҳатмӣ аст.