Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи рушди футбол тафоҳумномае имзо карданд

Тоҷикистону Қирғизистон Ёддошти ҳамкории миёни доварони федератсияҳои футболро имзо карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Дар Душанбе Ёддошти ҳамкории байни Раёсати доварон, бозрасии Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Раёсати доварони Иттиҳоди футболи Қирғизистон ба имзо расид, хабар медиҳад ФФТ.
Ҳуҷҷати дахлдорро сардори Раёсати доварон ва нозирони Тоҷикистон Рустам Абдуллоев ва раиси Кумитаи доварони Қирғизистон Баҳодир Қӯчқоров имзо карданд.
Рейтинги ФИФА: Тоҷикистон 4 “қадам” пеш рафт
Қайд карда мешавад, ки ёддошти ҳамкории нав ба таҳкими ҳамкории доварони федератсияҳои футболи ду кишвар мусоидат хоҳад кард.

"Дар созишнома хидматрасонии бозиҳои дӯстона, мусобиқаҳо, мусобиқаҳои расмӣ, баргузории семинарҳои муштарак, ҷамъомадҳои омӯзишӣ ва дигар чорабиниҳои таълимӣ пешбинӣ шудааст", - гуфтанд дар Федератсияи футболи кишвар.

Илова бар ин варзишгарон метавонанд табодули таҷриба кунанд ва барои баланд бардоштани касбияти доварӣ технологияҳои муштарак ҷорӣ хоҳанд шуд.
Зимни имзои санади дуҷониба ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов гуфтааст, ки созишномаи имзошуда ба ҳамкории минбаъдаи ҳамаҷонибаи ду федератсияи миллӣ мусоидат хоҳад кард.