ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Бинобар иттилои хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд, 24 ноябр гурӯҳи соҳибкорони вилояти Красноярски Русия бо сафари чоррӯзаи корӣ ба вилояти Суғд меоянд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар доираи сафари корӣ соҳибкорони рус бо фаъолияти корхонаҳои саноатии шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос шуда, аз минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” дидан менамоянд.
Иттилоъ дода шудааст, ки тоҷирони рус бо соҳибкорони вилояти Суғд мулоқот анҷом дода, доир ба таҳкими робитаҳо ва додугирифти молу маҳсулот гуфтушунид мекунанд.
Бояд гуфт, бо мақсади расидан ба афзалияти миллӣ тавассути рушди минтақаҳои кишвар, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолию содиротии мамлакат ва дар ин раванд ҷалби ҳарчи бештари сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ, аз ҷумла МОИ “Суғд”, “Панҷ”, “Данғара”, “Ишкошим” ва “Кӯлоб” таъсис дода шудааст.