ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Овозхони тоҷиктабори муқими Русия Манижа Сангин барандаи ҷоизаи "Сарояндаи сол" аз ҷониби маҷаллаи "Glamour" дониста шуд.
Манижа Сангин, зодаи Тоҷикистон дар раъйдиҳие, ки дар сомонаи "Glamour.ru" ташкил шуда буд, аз рақибонаш ба мисли Земфира, Мэри Гу, Мари Краймбрери ва Анна Асти гузашт.
"Зани сол" актриса ва ходими ҷамъиятӣ Чулпон Хаматова гардид. Ӯ барои нақшофарӣ дар филми "Сахаров. Ду зиндагӣ", инчунин барои саҳмаш дар Бунёди "Ҳаёт деҳа", ки ба фаъолияти хайриявӣ машғул аст, ҷоиза гирифт.
Дар ҳамин ҳол қаблан довталаби аслии ҷоизаи асосиро Ҷулия Пересилд медонистанд, ки ба кайҳон парвоз карда буд.
Ёдовар мешавем, Манижа, сафири Русия дар СММ дар умури паноҳандагон ин кишварро дар озмуни "Eurovision - 2021" намояндагӣ кард, ки ҷои нуҳумро гирифт.
Вай бо таронаи "Russian Woman" баромад кард, ки боиси эътирози ҷомеа гардид. Манижаро ба таҳрифи симои зани рус ва паст задани фарҳанги кишвар муттаҳам карданд.
Гуфта мешавад, маросими супурдани ҷоизаҳо ба занони барҷастаи соҳаҳои гуногун рӯзе қабл баргузор шуд. Ин 17-умин ҷоизаи "Занони зебои сол" дар соли 2021 мебошад.