Маълум шуд, кай ба муҳоҷирон ID-корти электронӣ медиҳанд

Аз 29 декабри соли 2021 ба ҳамаи муҳоҷирон корт бо чипи изи ангушт дода мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 ноя – Sputnik. Дар Русия ба ҳамаи муҳоҷирони корӣ ва хориҷие, ки барои беш аз се моҳ ба ин кишвар омадаанд, ID-картҳои электронӣ дода мешаванд, хабар медиҳад ТАСС.
Фармони дахлдорро аллакай Владимир Колоколтсев, раиси Вазорати корҳои дохилии Русия имзо кардааст.
Ин амалиёт аз 29 декабри соли 2021 роҳандозӣ мегардад. Ба муҳоҷирони корӣ ва хориҷие, ки ба муддати беш аз 90 рӯз ба кишвар меоянд, ҳуҷҷат дода мешавад.
Онҳо маълумот дар бораи гузариши ҳатмии изи ангушт ва аксбардориро дар бар мегиранд. Кортҳои электронӣ дар шакли корти пластикии оддӣ хоҳанд буд.
Собянин: Теъдоди муҳоҷирон дар сохтмонҳои Маскав кам шудааст
Дар паҳлӯи пеш акси шаҳрванди хориҷӣ бо андозаи 8,5 бар 5 см ҷойгир карда мешавад, Илова бар ин, дар ID-корт рақами мушаххаси ҳуҷҷатро дар бар мегирад, дар он ҳамчунин насаб, ном, номи падар, санаи таваллуд ва соли таваллуд нишон дода мешавад.
Қоидаи нав: Русия аз муҳоҷирон пешниҳоди ду шаҳодатномаи тиббиро талаб мекунад
Дар пушти он маълумот дар бораи шаҳрвандии хориҷӣ нишон дода мешавад, инчунин интиқолдиҳандаи электронии маълумот дар шакли микросхема бо интерфейси бидуни тамос ҷойгир карда мешавад.
Дар ин ҳолат чип дорои тасвири электронии намунаҳои папиллярии ангуштони ишоратӣ мешавад.
Саломат бошед: чӣ гуна бояд муҳоҷир бимаи тиббӣ интихоб кунад - видео
Ёдовар мешавем, моҳи июли соли 2021 раисҷумҳури Русия Владимир Путин қонунеро имзо кард, ки бар асоси он, муҳоҷирони корӣ ва хориҷиёне, ки ба муддати беш аз 90 рӯз барои кор ба Русия ворид шудаанд, бояд аз сабти ҳатмии давлатии изи ангушт гузаранд.