Аврупо ба Тоҷикистон беш аз 90 миллион евро ҷудо мекунад: ба куҷо сарф мешавад?

Тоҷикистон ва Аврупо нақша доранд, ки ҳамкориҳоро дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла тиҷорат роҳандозӣ кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Иттиҳодияи Аврупо ба Тоҷикистон беш аз 90 миллион евро ҷудо мекунад. Дар ин бора Ҷатта Урпилайнен, комиссари Иттиҳодияи Аврупо дар умури ҳамкориҳои байналмилалӣ дар як нишасти хабарӣ дар пайи мулоқот бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи вай, ин маблағ барои рушди ҳамкориҳои байни давлатҳо равона хоҳад шуд.
"Бастаи ҳамкориҳои дуҷонибаи мо бо Тоҷикистон барои чаҳор соли оянда 91 миллион евроро ташкил медиҳад", - гуфт Урпилайнен.
Вай таъкид кард, Иттиҳодияи Аврупо пас аз арзёбии баррасиҳои миёнамуҳлат дар соли 2024 ин маблағро солҳои 2025-2027 пурра хоҳад кард.
Иттиҳодияи Аврупо бо Тоҷикистон дар бахшҳои иқтисоди фарогири рақамӣ ва сабз, рушди инсонӣ, захираҳои табиӣ, идоракунии устувор ҳамкорӣ хоҳад кард.
Илова бар ин Иттиҳодияи Аврупо бидуни эътирофи машруияти толибон ба мардуми Афғонистон кумак хоҳад кард.
Маблағи кумак, ки аз чанд ҷузъ иборат аст, як миллиард евроро ташкил медиҳад ва он барои дастгирии на танҳо Афғонистон, балки кишварҳои ҳамсояро низ шомил мешавад.
Раҳмон бо намояндаи олии ИА ҳамкориҳои тиҷорӣ ва амнияти минтақаро баррасӣ кард
Ёдовар мешавем, Урпилайнен ва Ҷозеп Боррел, намояндаи олии Иттиҳодияи Аврупо дар умури хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ барои ширкат дар нишасти ҳабдаҳуми сарони вазоратҳои умури хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодияи Аврупо вориди Душанбе шуданд.
Онҳо ҳамчунин бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ дидору гуфтугӯҳо анҷом доданд. Илова бар ин намояндагони Иттиҳодияи Аврупо ният доранд, ки аз НБО "Норак" дидан кунанд.