Футболбози бебаҳо: тоҷик дар ТОП-3 гаронтарин легионерҳои Ӯзбекистон аст

Аллакай бошгоҳҳои берун аз Осиёи Марказӣ чашм ба футболбоз Эҳсони Панҷшанбе дӯхтаанд, аммо “Навбаҳор”-и ӯзбек намехоҳад як бозигари муваффақро аз даст диҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Футболбози собиқи "Истиқлол" Эҳсони Панҷшанбе ҳоло дар ҳайати "Навбаҳор"-и Намангон дар Суперлигаи Ӯзбекистон бозӣ мекунад.
Бозингар ҳангоми баромади худ дар ҷумҳурии ҳамсоя соҳиби эҳтироми мухлисон ва таърифи мураббиён гардид. Ӯ дар чемпионати Ӯзбекистон яке аз беҳтаринхо гардид.
Кова Тилавпур, ки барои гузариши бозигарон ба ин ё он тим мусоидат мекунад, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Панҷшанбе дар феҳристи гаронтарин легионерҳои Ӯзбекистон дар ҷои севум қарор дорад – 550 ҳазор евро. Дар ҷои аввал Йован Ҷокич аз AGMK – 800 ҳазор, ҷои дуюм ба Драган Серан аз “Пахтакор” – 600 ҳазор тааллуқ доранд.
Ба гуфтаи агент, тобистони соли ҷорӣ ба бошгоҳи футболбози тоҷик дастаҳои хориҷӣ, аз ҷумла аз Туркия ворид шуда буданд, то як бозигар харидорӣ кунанд. Аммо "Навбаҳор" футболбози тоҷикро нафурӯхт.
Арзиши гузариши ду футболбози тоҷик ба тими "Персиполис" маълум шуд
Кова Тилавпур гуфт, Эҳсони Панҷшанбе бо "Навбаҳор" шартнома баст, ки то охири соли 2022 амал мекунад.
"Аммо агар дар равзанаи интиқоли оянда дастаҳои дигар низ ба ин бозигар таваҷҷуҳ зоҳир кунанд ва қарордодҳои хуб пешниҳод кунанд, пас пешниҳодҳоро метавон баррасӣ кард. Албатта, дар ин ҷо андешаи худи бозингар ва тасмими бошгоҳи футболи ӯ муҳим хоҳад буд", - гуфт Тилавпур.
Инчунин, агент дар равзанаи интиқоли оянда дастаҳоро ба дигар варзишгарони Тоҷикистон ҷустуҷӯ мекунад. Фатҳулло Фатҳуллоев, Дилшод Восиев, Хуршед Бекназаров озод мешаванд, шартномаи Шериддин Бобоев ба охир мерасад.
Арзиши тими миллии футболи Тоҷикистон маълум шуд: гаронтарин бозигар Умарбоев
Тамоми намояндагони агенти Кова Тилавпур ва фаъолияти ширкати ӯ дар вебсайти нав - tilavpur.com нашр шудаанд.
"Ба наздикӣ вебсайти нави худро роҳандозӣ кардам, то ҳамаи дастаҳое, ки ба бозигарони тоҷик таваҷҷӯҳ доранд, пайдо кунанд ва бо ман тамос гиранд, то онҳо дар бораи бозигарони ман маълумоти бештар гиранд", - гуфт Тилавпур.
Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки ин сомона дар бастани қарордодҳои нав барои футболбозони тоҷик дар хориҷ аз кишвар нақше хоҳад дошт.