Сомонӣ тақвият меёбад: Бонки миллӣ арзиши рублу доллар ва евроро эълон кард

Арзиши асъори русӣ ва евро дар бозори арзи Тоҷикистон дар ҳафтаи навин боз каме поин рафтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард, ки бар асоси ин нишондод пули миллӣ каме тақвият ёфтааст.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи кишвар поён рафта, ҳоло 1000 рубл 153.3 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки қабл аз рӯзҳои истироҳатӣ дар кишвар барои 1000 рубл 154.7 сомонӣ медоданд.
Арзиши асъори аврупоӣ низ каме поин рафта, дар бозори арзи кишвар ҳоло як евро 12.7573 сомонӣ қимат дорад. Ин асъор тайи чанд моҳи ахир мунтазам устуворияшро аз даст медиҳад.
Бояд гуфт, ду рӯз қабл арзиши як евро дар бозори арзи Тоҷикистон 12.8158 сомонӣ буд.
Арзиши пули амрикоӣ дар бозори арзи Тоҷикистон устуворияшро нигоҳ медорад. Қурби 1 доллар ҳоло дар бозори арзи кишвар 11.2956 сомонӣ аст.
Ояндаи доллар таҳлилгаронро ҳайратзада кард
Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.2956 то 11.3000 сомонӣ;
1 евро аз 12.7573 то 12.880 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1533 то 0.1555 сомонӣ.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.