Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе - Чаноқ: Мошини ҳомили се кӯдак чаппа шуд

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз садамаи маргборе дар роҳи Душанбе - Чаноқ хабар додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Мошини ҳомили се кӯдак таҳти идораи сокини 31-солаи ноҳияи Спитамен ба садама дучор шудааст.
Ба иттилои ВУД, ронандаи "Опел", сокини ҷамоати деҳоти Хуррамзамини ноҳияи Спитамен ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.
Манбаъ афзуд, ки дар натиҷа автомашина дар канори рости роҳ чаппа шудааст.
Дар пайи ин садама духтарчаи чорсола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, хоҳари 7- солааш маҷрӯҳ гардидаст. Ба иттилои ВУД, хоҳарон сокини ҷамоати деҳоти Хуррамзамини ноҳияи Спитамен будаанд.
Поси хотири қурбониёни садама: Эълони сабаби афзоиши марг дар роҳҳои Тоҷикистон
Ба иттилои мақомоти умури дохилӣ, кӯдаки дигар, ки дар ин садама маҷрӯҳ гардида ва феълан дар беморхона бистарист, писарчаи 10-сола аз шаҳраки Гулистони ноҳияи Зафаробод мебошад.
ВУД таъкид намуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Садамаи маргбори дигар дар ҳолест, ки масъулини роҳу нақлиёти Тоҷикистон мегӯянд, садамаҳо дар кишвар асосан дар пайи риоя накардани аломатҳои роҳ, ҳолати техникӣ, ҳолати роҳҳо, бо суръати баланд рондани автомобил, муқобили самти ҳаракат баромадани баъзе ронандагон, идораи мошин дар ҳолати сархӯшӣ, бидуни аз худ накардани нозукиҳои касбӣ гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ рух медиҳанд.