Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Пайомадҳои нави коронавирус табибонро ба ҳайрат овард

Табибон аз пайомадҳои нави маризии коронавирус гуфтанд ва маслиҳат доданд, ки чӣ гуна метавон аз оқибатҳои ногувори ин дард халос шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Баъзе аз одамоне, ки гирифтори коронавирус шудаанд, аз дарди шадид дар қисмҳои гуногуни бадан шикоят мекунанд. Дар ин бора Ойбек Турғунхоҷаев, сардухтури асабшиноси шабакаи дармонгоҳҳои "Семейная" дар суҳбат бо радиои Sputnik иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи ӯ, тақрибан даҳ дарсади наҷотёфтагони COVID-19 дар бораи чунин аломатҳо сухан мегӯянд. Чун қоида чунин дардҳо бо зиёд шудани хастагӣ ва вайроншавии хоб ҳамроҳ мешаванд. Тургунхоҷаев инро фибромиалгия номид, ки он дард гиреҳҳои лимфа, буғумҳо, дастҳо ва пойҳоро дарбар мегирад.Бо фибромиалгия чунин як аломати ногувор ба монанди "туман" дар сар низ қайд карда мешавад.
Агар чунин аломатҳо пайдо шаванд, мутахассис тавсия медиҳад, ки фавран ба духтур муроҷиат бояд кард. Агар мавҷудияти синдроми дард бо аксуламали илтиҳобӣ шарҳ дода нашавад, пас он метавонад дар натиҷаи ихтилоли системаи асаб бошад, гуфт Турғунхоҷаев.
Ҳушдори СҶТ аз афзоиши марг бар асари коронавирус дар зимистон
Вай таъкид кард, ки коронавирус на танҳо дар системаи асаб, балки ба системаи эндокринӣ ва эмотсионалӣ низ халал мерасонад.
"Мо воқеан ду гурӯҳи доруҳоро истифода мебарем: доруҳои зидди эпилептикӣ ва антидепрессантҳо, ки мусаккин ҳастанд", - гуфт духтур.
Коршиносон аксари вақт машқ ва психотерапияро барои дарди музмин ҳамчун воситаи табобат истифода мебаранд. Қаблан олимони хориҷӣ муайян карда буданд, ки коронавирус боиси мушкилоти шунавоӣ мегардад. Ин сироят метавонад ба биниш, мӯй ва ғайра таъсири манфӣ расонад.